Аз фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ

Баъди як сол: Ҳанӯз ҳам ба кор ҷиддӣ оғоз накардаанд

№52 (3532) 21.04.2016

Аъзои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муносибатҳои миллӣ, кор бо занон ва ҷавонон, ки раисаш устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон Донёр Сангинов мебошад, дар доираи ваколат ба интихобкунандагон ёрии ҳамешагӣ мерасонанд.

 Маҳз бо пешниҳоди раиси комиссия  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъаларо «Дар бораи ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ» баррасӣ намуда, доир ба риояву иҷрои он қарори махсус қабул кардааст.

Қобили қайд аст, ки Д. Сангинов дар бораи корҳои анҷомдодаи комиссия пайваста ба роҳбарияти ноҳия гузориш дода, доир ба роҳҳои ҳалли масъалаҳо таклифҳо пешниҳод менамояд ва иҷрои онҳоро таҳти назорат мегирад. Чунончӣ, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ва пешниҳоди асосноки комиссияи доимии мазкур яке аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи асфалт, ки нодуруст ҷойгир шуда, муҳити зистро дар деҳаи Ғажней ва атрофи он олудаву ифлос мекард, фаъолияти худро қатъ намуд.

Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба савдо, хӯроки умумӣ, кор бо корхонаҳои ғайриҳукуматӣ (раисаш Маҳадмурод Тағоев) низ фаъолияти хуб дорад. Ин комиссия фаъолиятро бо дигар комиссияҳои доимӣ ба роҳ мондааст, ки намунаи он дархости дастаҷамъонаи онҳо ба сардорони ташкилоту муассисаҳои марбутаи ноҳия доир ба сари вақт омода намудани объектҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба давраи тирамоҳу зимис­тони солҳои 2015- 2016 буд.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти ин ду комиссия қобили омӯзиш ва таҷрибаи онҳо сазовори дастгирист. Мутаассифона, дигар комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия чандон фаъол нес­танд. Комиссияҳои доимӣ оид ба иқтисод ва буҷет (раисаш Рустам Тоҳиров), оид ба хоҷагии қишлоқ, саноат, сохтмон, нақлиёт ва алоқа (раисаш Одилшоҳ Ниёзов), оид ба ҳифзи муҳити зист, ободонӣ, маишию маданӣ ва туризм (раисаш Зинатулло Саидов), оид ба одоби вакилон (раисаш Шаъмигул Раҷабова) баъди гузаштани беш аз як сол ҳанӯз ҳам ба кори худ ба таври ҷиддӣ оғоз накардаанд.

Зарур аст, ки пеш аз ҳама, ин комиссияҳо бояд вазифаҳоро байни аъзои комиссия ба таври мушаххас тақсим намуда, иҷрои саривақтии онҳоро таҳти назорат гиранд ва бо интихобкунандагон робитаи доимӣ дошта бошанд. Дар навбати худ дар ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳисоботи комиссияҳои доимӣ мунтазам шунида шавад, зеро баррасӣ ва ҳалли бисёр масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ба фаъолият ва муносибати ҷиддии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия вобаста мебошад.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»