Бадахшон рушд мекунад

№104 (3250) 09.09.2014

Хоруг

Мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун дигар сокинони Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  пос медоранд ва аз он фахр мекунанд. Хушбахтона, шурӯъ аз замони Истиқлолият Тоҷикистон роҳи минбаъдаи хешро дар пешрафти  давлатдорӣ муайян сохт. Истиқлолият буд, ки ба сари мардуми кишвар марди фозилу доно ва фарзонаеро бо номи Эмомалӣ Раҳмон овард, ки  тамоми ҳастиашро ба пойдор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистони азизаш бахшид.

Ҳамаи он дастоварду таҳаввулоте, ки тайи 23 соли истиқлолият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйи кор омадаанд, аз шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи ин марди шариф аст. Бахусус, шаҳри Хоруғ,  ки ба як деҳа шабоҳат дошт, имрӯз ба нигини Бадахшон табдил ёфтааст. Фақат дар чор соли охир он қадар  дигаргуниҳое ба амал омадаанд, ки кас тасаввур ҳам карда  наметавонист. Барои ободии шаҳри Хоруғ дар тӯли 23 соли  соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорҳо зиёда аз 106 млн. сомонӣ ва аз Буҷети давлат 246 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Исботи ин гуфтаҳо  қомат афрохтани иншооти замонавӣ, ба монанди варзишгоҳ, Кохи ҷавонон, театри  вилоятӣ, Гимназияи президентӣ, хобгоҳи донишҷӯён, Маркази таълимӣ ва ғайра мебошанд.

Дар тӯли 23 соли   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1093 иншооти хурду бузург бо маблағи зиёда  аз 935 млн. сомонӣ сохта шудааст.

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ сохтмони иншооти бузург, аз ҷумла  толори варзишӣ ба маблағи 1 млн.700 ҳазор сомонӣ, сохтмони таваллудхонаи вилоятӣ ба маблағи 8836,8 ҳазор сомонӣ, хобгоҳи дуюми Донишгоҳи давлатии  шаҳри Хоруғ  ба номи М. Назаршоев барои 240 ҷой ба маблағи 5822,71 ҳазор сомонӣ, сохтмони биноҳои истиқоматию маъмурӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба маблағи 7685,84 ҳазор сомонӣ, сохтмони  се бинои  истиқоматии бисёрошёна ба маблағи 15000,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони хати обгузари Боғевдара – Хоруғ ба маблағи 8800,0 ҳазор сомонӣ давом доранд. Дар ноҳияи Дарвоз сохтмони шоҳроҳи Шоҳон – Зиғар ба маблағи 10261,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои панҷошёнадор ба маблағи 5000,0 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии нозироти андози ноҳия ба маблағи 1200,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони неругоҳи хурди барқи обӣ дар деҳаи Мотравн бо иқтидори 0,3 МВТ ба маблағи 3000,0 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияи Рӯшон сохтмони синфхонаҳои иловагии мактаби № 34-и таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи  Ғудара ба маблағи 1360 ҳазор сомонӣ, сохтмони хонаи фарҳанги маркази ноҳия ба маблағи 4500,0 ҳазор сомонӣ идома доранд. Дар ноҳияи Шуғнон сохтмони бинои маъмурии шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ноҳия ба маблағи 1000,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони корхонаи коркарди  ғалла бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ба маблағи 11000,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои маорифи ноҳия ба маблағи 1100,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони хонаи истиқоматии панҷошёна ба маблағи 5000,0 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони хонаи фарҳанги деҳоти «Тавдем» ба маблағи 2400 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 8000,0 ҳазор сомонӣ, таҷдиди роҳи Хоруғ-Туқузбулоқ дар қитъаи 28-98  мавзеи  километри 45-ум ба маблағи 6100,0 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияи Ишкошим сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 6280,3 ҳазор сомонӣ, сохтмони хати оби нӯшокӣ ба маблағи 2947,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони хати интиқоли қувваи барқи минтақаи озоди Ишкошим ба маблағи 45667,0 ҳазор сомонӣ давом ёфта истодааст.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»