Дастгирии мо — меҳнати ҳалолу созанда

№36 (3337) 11.03.2015

Дар вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт бо сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Ҷафр» тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Раиси деҳоти «Ҷафр» Шамсиддин Тоҷиддинов оид ба пешрафти соҳаи маориф дар ҳудуди деҳот сухан кард. Мавсуф иброз дошт, ки мо тавонистем дар давоми се-чор соли охир масъалаи норасоии синфхонаҳо, мизу курсӣ ва тахтаи синфиро ҳал кунем. Тамоми мактабҳоро бо китоби дарсӣ таъмин намоем. Имрӯз дар ҳудуди деҳот шаш муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад. Мутаассифона, таъмини мактабҳо бо омӯзгорони соҳибтаҳсилот пурра ҳалли худро наёфтааст. Муаллимон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ намерасанд. Таълими баъзе фанҳоро омӯзгорони ғайрихтисос ба зимма гирифтаанд. Мо барои аз байн бурдани ин мушкилот чораҳои зарурӣ андешида истодаем.

-Ин ҷо ҳар як баромадкунанда таъкид кард, ки сиёсати Президенти мамлакатро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ мекунад,-гуфт соҳибкор, сокини деҳоти «Ҷафр» Мирзошоҳ Акобиров. – Ҷонибдорӣ бо забон кори саҳл аст, мо бояд бо меҳнати ҳалол дар ҷавоби ғамхориҳои Сарвари давлат ҷонибдорӣ ва садоқати худро нишон дода тавонем.

Вохӯриро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қ. Лоиқов ҷамъбаст намуд. Вай дар бораи бурду бохти сокинони деҳот андешаронӣ намуда, ҳамчунин оид ба вазифаҳои сокинони деҳот дар рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳарф зад. Аз ҷумла таъкид кард, ки:

-Мо бояд соҳаи картошкапарвариро дар ноҳия тараққӣ диҳем. Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад ва метавонад барои хуб шудани зиндагии сокинони ноҳия кумак намояд. Барои ҳосили хуб гирифтан тухмии картошкаро иваз намуданамон лозим аст. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳамин мақсад ба ноҳияи Ғончии вилояти Суғд сафари корӣ доштанд ва барои харидорӣ намудани 1000 тонна тухмӣ шартнома бастаанд. Аллакай 500 тонна тухмии хушсифат ба ноҳия ворид гардидааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд аз ин тухмӣ истифода баранд.

Соҳаи маорифро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятнок гуфтааст ва ин бесабаб нест. Бояд ҷавонони мо дониши хуб дошта бошанд. Забонҳои русӣ ва англисиро омӯзанд. Бояд алоқаи оила бо мактаб хуб ба роҳ монда шавад. Падару модар масъулияти тарбия ва таълими фарзандони худро хуб дарк кунанд. Агар фарзандони мо тарбияи хуб гиранд ва донишу истеъдод дошта бошанд, дар ояндаи наздик бо қувваи онҳо тамоми мушкилоти мавҷударо аз байн бурдан мумкин аст,- гуфт дар фарҷом иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қ. Лоиқов.

Диловар МИРЗО, «Садои мардум»