Гиромидошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Турсунзода

№67-68 (3213-3214) 24.06.2014

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар толори Хонаи фарҳанги шаҳр Конференсияи илмӣ–адабӣ бо иштироки адибон Гулназар Келдӣ, Ӯрун Кӯҳзод ва директори Муассисаи нашриявии «Адиб» Фарҳоди Карим гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории конференсия баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, китобдӯстӣ ва ташвиқу тарғиби осори пурғановати ниёгонамон мебошад. Дар ҳамоиш  масъулини Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, кормандони муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо, аҳли зиё ширкат варзиданд. Дар назди бинои шуъбаи фарҳанги шаҳр аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Адиб» намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр, ки бо дастгирии Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидаанд, ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Турсунзода Гавҳар Саидова, омӯзгори Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода Саид Раббонӣ, корманди шуъбаи маорифи шаҳр Мағфират Солиева ва дигарон роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла рӯзноманигор Файзалӣ Шукур дар мавзӯи «Намунаи барҷастаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар симои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ» суханронӣ намуда,зикр  кард, ки дӯстии халқи тоҷику ӯзбек, аз ҷумла адибони ин ду халқи бародар, дар тӯли асрҳо то имрӯз идома дорад ва риштаҳои ин дӯстӣ ногусастанӣ мебошад. Конференсия бо қироати пораҳо аз ашъори Абдураҳмони  Ҷомӣ хотима ёфт.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»