Нишасти матбуотӣ

Идоракунии молияи давлатӣ самаранок буд

№17 (3163) 18.02.2014

- Давоми соли 2013 дар аксар самтҳои рушди иқтисод ва иҷтимоиёт, аз ҷумла таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва монанд ба ин масъалаҳо, дигаргуниҳои чашмрас ба амал омад, — изҳор дошт раиси ноҳияи Шаҳринав Исматулло Зайдов.

Аз гузориши раиси ноҳияи Шаҳринав ҳамчунин маълум гардид, ки идоракунии молияи давлатӣ аз рӯйи даромадҳои умумӣ зери назорати доимӣ қарор дошт ва дар натиҷа нақшаи даромади  буҷети маҳаллӣ 106 фоиз таъмин гардида, ба он зиёда аз 34907600 сомонӣ маблағ ворид шуд, ки аз нақшаи аниқгардида 2923600 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи пардохти андозҳо 119 фоиз иҷро гардида, ба буҷети ноҳия 2,7 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ворид шуд.

Рушди иқтисодиёти ноҳия асосан аз ҳисоби рушди саноат (140 фоиз), кишоварзӣ (106,2 фоиз), гардиши савдои чакана (100 фоиз) ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ (118 фоиз) таъмин гардид. Корхонаи коркарди нафт бо ҷалби сармояи  соҳибкорони ватанӣ ба маблағи беш  аз 70 млн. сомонӣ сохта шуда, навбати аввали он бо иқтидори  коркарди солонаи  100 ҳазор тонна нафт ба кор шурӯъ намуда, ба афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ мусоидат кард.

Мутобиқи созишномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия кофтукови кони газ ва нафт  дар мавзеи Сариқамиши ноҳия мувофиқи лоиҳа ба 6450 метр расонида шуд. Айни ҳол бо мақсади муайян кардани таркиби газ корҳои ташхисӣ идома дорад.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11,4 млн. сомонӣ афзуд. Ҳосилнокии ғалладона бошад, нисбат ба соли 2012-ум 3,7 сентнерӣ зиёд шуда, ба ҳар гектар 23,6 сентнер рост омад. Зироатҳои полезӣ ва меваю сабзавот низ тӯли соли гузашта бештар ҷамъоварӣ шуд. Дар майдони 162 гектар боғи нав ва дар 18 гектар токзори нав бунёд ёфт. Масоҳати гармхонаҳо ҳам зиёд гардид.

Фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг  давоми соли гузашта назаррас буд.

- Падидаи наве, ки дар нимаи дуюми соли 2013 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ гардид, ба фаъолият шурӯъ кардани радиои маҳаллӣ дар мавҷи 101-9 FM мебошад. Таҷҳизоти ҳозиразамон  аз Ҷумҳурии Литва  дастрас  шуд, ки онро мутахассисони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон насб намуданд. Инчунин дар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 24 баландгӯяк бо таҷҳизоти зарурӣ насб шуда, фазои иттилоотии ноҳияро боз ҳам комил гардонид.

Падидаи дигар бо номҳои асили тоҷикӣ иваз намудани номи баъзе  маҳаллу  деҳаҳо буда, нишон аз эҳёи суннатҳои миллии мардуми соҳибфарҳанги мо мебошад, — таъкид намуд Исматулло Зайдов дар поёни нишасти матбуотӣ  ва ба суолҳои сершумори журналистон посух гуфт.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»