Ҷилваи ҳунар дар боргоҳи маърифат

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

Дар  Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат  таҳти унвони «Ҷилваи ҳунар»   базми шеъру тарона баргузор гардид. Маҳфилорои ин базм шоири хушбаён Давлати Раҳмониён ва  санъаткори мумтоз Умари Темур буданд.  Директори ин боргоҳи фарҳангу маърифат Шамсиддин Шаҳобиддин маҳфилро ифтитоҳ кард. Сипас, Давлати Раҳмониён барои аҳли толор нахуст шеъри «Шиноснома»-и хешро тақдим намуд.

Ҳунарманди асили мардумӣ Умар Темур бо оҳанги дилчаспу садои марғуби хеш базмро шукӯҳи хоса бахшид.

Дар поёни базм аз номи аҳли толор Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ва мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат Эркамо Мирзоева ба ташкилкунандагони ин чорабинии хотирмон ва базмороён  изҳори сипос карданд.

Бурҳониддин Каримзода, «Садои мардум»