Аз фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Макони симу ганҷ

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

Симиганҷ аз ҷумлаи деҳоти калонтарини шаҳри Ваҳдат ба ҳисоб меравад. Он дорои 21 деҳа ва беш аз 33 ҳазор аҳолӣ мебошад.Чанде пеш хабарнигорамон бо раиси Ҷамоати деҳоти «Симиганҷ» Маҳмадалӣ Ашӯров мусоҳиб гашт, ки фишурдаи он манзури хонандагони арҷманд мегардад.

-Деҳоти шумо номи ҷолиб дорад. Чаро онро Симиганҷ мегӯянд?

-Аслан минтақаи аҳолинишине, ки имрӯз бо номи Симиганҷ маълум аст, таърихи қадима дорад. Бозёфтҳои қадима-тангаю гӯшвору дастпонаҳо ва асбобҳои корӣ, ки аз ин ҷо ёфт шудаанд, ба ин гувоҳанд. Омӯзгори собиқадор Саъдулло Мирзоев, ки айни ҳол нафақахӯр аст, ин бозёфтҳоро ҷамъоварӣ намуда, осорхонае ташкил кардааст. Бино ба нақли куҳансолон, сокинони шаҳраки қадимаи Симиганҷ (яъне, ин мавзеъ таври рамзӣ макони симу ганҷ дониста мешуд) ба заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар корҳои ҳунармандӣ машғул будаанд. Яъне, ин мавзеъ таври рамзӣ макони симу ганҷ дониста мешуд.

-Имрӯз мардуми деҳот бо чӣ корҳо машғуланд?

- Миёни сокинони деҳоти «Симиганҷ» алҳол низ ҳунармандон кам нестанд. Вобаста ба шароити имрӯз ҳунару истеъдодашон сайқал ёфтааст. Дар ҳудуди деҳот имрӯз корхонаҳои хурди истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, равғанбарорӣ, собунбарорӣ, коркарди коғаз мавҷуданд. Дар бунёди ин корхонаҳо ва ҷалби сокинони маҳаллӣ бо кор саҳми ҶДММ «Зафарёб» калон аст. Шуғли асосии мардум асосан зироаткорӣ, боғу токпарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Алҳол онҳо 564 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда, аҳлона заҳмат мекашанд. Фаъолияти 615 хоҷагиҳои инфиродӣ низ пурсамар аст. Махсусан боғу токпарварӣ сол ба сол рушд меёбад.

-Муассисаҳои иҷтимоӣ, маишӣ, хизматрасонӣ ва таълимӣ дар кадом ҳолат қарор доранд?

-Дар деҳот 38 мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум, чор мағозаи масолеҳи сохтмонӣ, ду нуқтаи фурӯши гази моеъ дар хизмати сокинон қарор дорад. Фарзандони меҳнаткашони деҳот дар 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассисаҳои тандурустӣ низ фаъоланд. Дар баробари беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Тангаӣ, таваллудхона, се дорухона, шаш бунгоҳи тиббӣ, чанде пеш боз як маркази нави саломатӣ ба фаъолият оғоз кард ва зимни ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат он мавриди истифода қарор гирифт.

Дар деҳот  панҷ масҷиди ҷомеъ, 25 масҷиди панҷвақта  мавҷуд аст. Фаъолони деҳот роҷеъ ба моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»  корҳои зиёди тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Хулоса, мардум бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, оромию тинҷӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Рӯзҳои 4-16 сентябри соли ҷорӣ амали нангини як гурӯҳи ҷиноятпеша, бо роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ин суботу амниятро халалдор кард. Хушбахтона, дар натиҷаи фаъолияти хубу диловарии намояндагони мақомоти қудратии кишвар ва ёриву дастгирии мардум онҳо дар як муддати кӯтоҳ торумор карда шуданд. Дар он рӯзҳои мушкил мардуми деҳоти «Симиганҷ» ҳамаҷониба ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кумак намуданд. Як нафар ҷавон аз деҳоти мо – Аслиддин Абдухолиқов, ки корманди  Вазорати корҳои дохилӣ буд, зимни амалиётҳо қурбон шуд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 133-и деҳаи Ҳайталиро, ки Аслиддин дар он таҳсил мекард, ба номаш гузоштанд.

- Иттилоъ гирифтем, ки шумо низ бо ордени «Шуҷоат» сарфароз гардидед?

- Дуруст аст, орденро худи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ман супорид. Аз ҷониби раиси шаҳри Ваҳдат  муҳтарам  Амирзода Раҳмоналӣ Амир низ бо Ифтихорнома қадрдонӣ шудам.

- Кадом мушкилоти ҳалталаб дар деҳоти шумо вуҷуд дорад, ки сокинони деҳот хоҳони ҳалли онҳоанд?

-Мо, ки дар минтақаи кӯҳистон қарор дорем, яке аз масоили муҳими ҳалталаб таъмини сокинон бо замини наздиҳалигӣ мебошад. Табиист, ки шумораи оилаҳо афзоиш ёфтааст ва зиндагӣ тақозо мекунад, ки барои ҳар як оила шароити хуби зиндагӣ муҳайё бошад. Зимни муроҷиат мардум бештар ҳалли ҳамин масъаларо хоҳиш мекунанд. Дар ин миён ҷудошавии оилаҳои ҷавон низ боиси ташвиш аст. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе рӯзҳои қабул дорем, ки дар ин рӯзҳо то 50-60 кас муроҷиат мекунанд ва мо ба қадри имкон эҳтиёҷоташонро қонеъ мегардонем.

- Омодагӣ ба зимистон чӣ гуна аст? 

- Ҷараёни омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хуб аст. Пеш аз ҳама, барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тандурустӣ бо ангишт тадбирҳо андешида шуд. Ин муассисаҳо бо 70 тонна ангишт таъмин гардиданд. Дар ҳудуди деҳот ду нуқтаи фурӯши ангишт аст, ки мардум метавонанд дар доираи эҳтиёҷоти оилаҳои худ онро харидорӣ кунанд. Соҳибкорони алоҳида низ барои аҳолии деҳот ангишт дастрас менамоянд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»