Нақшаи даъват иҷро шуд

№134(3435) 09.10.2015

Дар саҳни бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва як қатор идораю ташкилотҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайн иштирок намуданд.

Нахуст раиси ноҳия даъватшудагони ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ омадаро самимона табрик намуд ва барояшон дар хизмати аскарӣ сарбаландиҳо таманно кард.

- Бо итминони комил изҳор менамоям, ки даъватшудагони имрӯза сарбозони далеру шуҷои Артиши миллии ҷумҳурӣ гардида, рисолат ва уҳдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ, бо сарбаландиву далерӣ иҷро менамоянд, — изҳор дошт Рамазон Оймаҳмадзода.

Ҳамин тавр, падару модарон низ суханронӣ намуда, барои ҷавонони навдаъватшуда дуои хайр доданд. Дар охир аз ҷониби санъаткорони Қасри фарҳанги ноҳия барои болидагии ҷавонон ва волидайни онҳо барномаи консертӣ пешниҳод гардид.

Нафақахӯр Отамурод Урозов, ки фарзанди дуюми хешро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гусел менамуд, зимни суҳбат  изҳор дошт, ки хизмати ҳарбӣ мактабе мебошад, ки ҳар як ҷавонписарро барои зиндагии оянда омода мекунад. Аз ин рӯ, аз ҳар як ҷавонписари ноҳия даъват менамоям, ки аз ин мактаби мардонагӣ гузаранд. Соли 2013 писари калониамро ба хизмат фиристодам. Хушбахтона, хизматро бо сари баланд ба итмом расонида, ба хона баргашт ва чуноне мебинед, имсол писари дуюмамро гусел намуда истодаам ва умед дорам, ки ӯ ҳам мисли бародараш  хизматро сарбаландона адо мекунад, — гуфт ӯ.

Дар ҳоле ки матлаб барои нашр омода мегардид, комиссари ҳарбии ноҳия Амиралӣ Завқиев иттилоъ дод, ки нақшаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пеш аз муҳлат иҷро гардид.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ноҳияи Носири Хусрав аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати наваскаронро иҷро карда буд.

Давлат СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»