Уфуқҳои кишоварзӣ

Нияти нек ва азми қавӣ самар меорад

№63 (3209) 14.06.2014

Дар марҳилаи кунунӣ  рушди соҳаи кишоварзӣ хеле назаррас мебошад.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)»  9 майи соли 2009 қабул  шуда,  имкон фароҳам овард, ки деҳқонону соҳибкорон бо ташаббусҳои наву муфид  ба ин кору пайкор намоянд. Ин раванд вазъи иҷтимоии аксарияти сокинони Ватанамонро, ки ба  кишти зироат ва боғдорӣ сарукор доранд, беҳбудӣ бахшид.

Дар деҳоти «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ  хоҷагиҳои зиёди деҳқонӣ фаъолият мекунанд, ки фаъолияташон ба шароити нави муносибатҳои истеҳсолӣ ва рақобати бозор мутобиқ мебошад. Хоҷагии деҳқонӣ- истеҳсолӣ ва фермерии «Сайёд» аз ҳамон шумор аст.

Дар суҳбат сардори хоҷагии мазкур Хусрав Рустамов минҷумла чунин гуфт:

-  Аҳли заҳмати хоҷагӣ  фаъолияти худро аз соли 2002  шурӯъ карда, дар як муддати кӯтоҳ  қитъаҳои заминеро, ки солҳои зиёд бекор хобида, ба ботлоқзор табдил шуда буд, бо истифода аз тадбирҳои оқилонаи деҳқонӣ ва чораҳои агротехникӣ  барои киштукори зироат ва боғдорӣ омода намудем.

Суоле   маро  ором намегузошт, ки  чаро  қитъаҳо дар чунин ҳолатанд, магар касе нест,  ин мавзеъро, ки метавонад даҳҳо оиларо таъмин созад, обод намояд.  Баҳри  ҳалли ин мушкил  ба назди  деҳқонони ботаҷриба рафта,  аз онҳо  роҷеъ ба хусусиятҳои замин дар ин маҳал пурсон шудам. Ба хулоса омадем, ки  дар ин ҷо ба ҷуз аз сабзӣ ва шолӣ чизи дигаре  коштану аз он самараи дилхоҳ гирифтан ғайриимкон аст.  Азбаски он солҳо таъминоти об ва нуриҳои минералӣ  низ ба мушкилот мувоҷеҳ гардида буд, ба ман  чунин талқин мекарданд, ки агар дар ин заминҳо кишт кунед ҳам, ғайр аз зарар чизе ба даст намеоред.

Хусрав Рустамов  дар назди хеш мақсад гузошт,  ки ин қитъаи  заминро ба як хоҷагии пешрафта табдил  диҳад. Чунин ҳам шуд. Дар як муддати  кӯтоҳ замин аз заҳ тоза шуда, хок гӯё таровату сафои тоза ёфт. Ҳоло хоҷагии деҳқонӣ-истеҳсолӣ ва фермерии «Сайёд»  дорои 21 гектар замини кишоварзӣ, 1,65 гектар буттазор ва 1,5 гектар замини  ғайрикишоварзӣ мебошад. Шароит фароҳам омад, ки фермаи чорводорӣ низ ташкил намоянд, ки алҳол дар он  120 сар  гови дӯшоӣ, 50 сар бузи покистонӣ , 230 сар мурғҳои гуногун  нигоҳубин мешаванд. Бо мақсади тавсеа додани ин раванд аз Ҷумҳурии Исломии Эрон чорво овардаанд.

Дар масоҳати панҷ гектар боғ бунёд карда, дар он аз тамоми гӯшаву канори кишвар ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда оварда шинониданд. Дар қисмате аз он бодомҳои афғонӣ нашъунамо доранду шаш гектар пахта низ кишт шудааст. Хеле зуд теъдоди аҳли заҳмати  хоҷагии мазкур ба 70 нафар расид, ки ҳама бо табъи болида фаъолият карда истодаанд.  25 нафари онҳо духтарону занони ҳамин маҳал мебошанд. Барои кормандон дар ошхонаи хоҷагӣ се вақт хӯроки гарм медиҳанд.

Ниёзҳои иҷтимоӣ ва таъмини рӯзгори онҳо аз мадди назари сарвари хоҷагӣ дур намемонад. Дар назди хоҷагӣ дорухона, мағозаи хӯрокворӣ,  нонвойхона, корхонаи хурди равғанбарорӣ, корхонаи коркарди пахта, комбинати  хурди коркарди шир ва осиёб фаъолият доранд.

Хоҷагӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Халқии   Хитой  ҳамкорӣ намуда, ба  онҳо як миқдор замин ҷудо кард ва онҳо ба кор шурӯъ намуданд. Мутахассисони хитойӣ корхонаи хурди  истеҳсоли замбурӯғро  таъсис доданианд. Бозорчаи хоҷагӣ, ки аз соли 2012 инҷониб дар назди он фаъолият дорад, бо маводи рӯзмарраи ғизоӣ, маҳсулоти тару тозаи хоҷагии зикршуда ва дигар анвои зарурии рӯзгор таъмин  аст.

Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки хоҷагӣ таври муназзам рушд ёфта, дар ин замина сатҳи зиндагии аъзои он беш аз пеш беҳбудӣ ёфта истодааст.

Раҳмоналӣ   ҲАБИБОВ, «Садои мардум»