Осоишгоҳи дармонбахш

№81 (3227) 22.07.2014

Муассисаи давлатии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Харангон» дар дараи хушманзараи Харангони ноҳияи Варзоб паҳлуи дарёчаи шӯхи ҳамном ҷойгир шудааст. Имрӯзҳо он гӯшаи хушманзара хеле сермеҳмон маҳсуб меёбад.

- Кормандони осоишгоҳ аз он ифтихор мекунанд, ки маҳз бо дастгирии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин гӯшаи зебоманзари кишвар боз ҳам ободу зебо гардид. Панҷуми майи соли 2005 ба муносибати 60-солагии Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳбари мамлакат дар маросими аз навтаъсисёбии муассиса иштирок ва суханронӣ карданд.

Кормандони осоишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргаштаро оид ба ҳифзи иҷтимоии мардум сармашқи фаъолияти худ қарор дода, хизматрасониро ба истироҳаткунандагон беҳтар намоянд, -гуфт дар суҳбат сарвари осоишгоҳ Зубайдулло Валиев.

Табобатгоҳ аз рӯйи 24 намуд ба истироҳаткунандагон кумаки тиббӣ мерасонад. Тамоми сол 72 нафар кормандон дар хизмати истироҳаткунандагонанд. Аз аввали соли ҷорӣ муассиса, ки пештар зерсохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Барои ташхис, табобат ва истироҳати хуби куҳансолон дар осоишгоҳ шароити зарурӣ муҳайёст. Ду бинои дуқабатаи замонавӣ барои фароғату табобат муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ғайр аз ҳуҷраҳои табобатӣ, толори варзишӣ, майдонча-бошишгоҳҳо, гӯшаҳои иттилоотию фароғатӣ дар ихтиёри истироҳаткунандагон мебошад.

- Ман бори нахуст ин ҷо табобат дорам, ҳарчанд ки солҳои пеш, ҳини пойгоҳи пионерон буданаш, ҳамчун корманди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди он кӯшишҳо доштам, — мегӯяд собиқадори меҳнат Ҳабибуллоҳ Искандарови 80-сола.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгор Маҳкамшо Зикиров аз ноҳияи Муъминобод омадааст.- Маротибаи ҳаштум аст, ки ин ҷо истироҳат мекунам, — мегӯяд ӯ.

-Муомилаи хуби кормандони осоишгоҳ бароям писанд аст. Мо, як гурӯҳ аз шаҳру ноҳияи Истаравшан мувофиқи роҳхат ба ин ҷо омадем, — мегӯяд омӯзгор Фозил Фозилов. -Ҳавои соф, насими дарёча, таомҳои болаззат, забони ширини кормандони осоишгоҳ ба мо қуввату дармон мебахшанд.

Сокини ноҳияи Шуғнон, собиқадори меҳнат Саидназар Мирзоҷонов низ аз хизматрасонии хуб изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар осоишгоҳ дар як навбат 120 нафар табобат мегиранд.

Мирзоҳамдам Шарифзода, рӯзноманигор