Саодатшо панҷ сол зиндонӣ шуд

№98 (3244) 21.08.2014

Мурофиаи  судии раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Адолатов Саодатшо Зиёратшоевич, соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи деҳаи Мотравни  деҳоти  «Язгулом»-и ноҳияи Ванҷ дар Суди ноҳияи Ванҷ баргузор гардид.  Ёдовар бояд шуд, ки номбурда моҳи апрели соли равон аз ҷониби  кормандони  Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи  Ванҷ бо гумони  барангехтани  кинаю  адовати  динӣ  миёни  ҳамдеҳагонаш  боздошт  гардида буд.

Саодатшо Адолатов дар деҳаи Мотравни  деҳоти «Язгулом» чандин маротиба ба таҳқири сокинони маҳаллӣ даст зада, фазои  носолим,  якдигарбадбиниро ба миён овард.  Нисбат ба амалҳои ғайриқонунии С. Адолатов сокинони зиёди минтақаи мазкур бо шикоят ба мақомоти  дахлдори  кишвар  муроҷиат  намудаанд.

Санҷиши  пешакии мутахассисони соҳаи диншиносӣ дар робита ба мазмун ва мундариҷаи аризаи дастаҷамъона ва баёноти сокинони  деҳаҳои  Мотравн  ва Враз нишон дод, ки дар  амалҳои  С. Адолатов барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати  онҳо  ба  дин  дида  мешавад.

Бинобар ин, нисбати  С.Адолатов барои барангехтани кинаву адовати динӣ мувофиқи моддаи 189 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд ва инак,  тафтиши он ба охир расид.

Тибқи қарори Суди ноҳияи Ванҷ  Саодатшо Адолатов  ба  муҳлати  панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ш.ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»