«Пахта-2014»

Шаҳринав: Ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз гардид

№111 (3257) 25.09.2014

Деҳқонони меҳнатқарини ноҳияи Шаҳринав миёни ноҳияҳои пахтакори тобеи ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда ҳосили бо ранҷ парваридаи худро ба марказҳои қабули пахта супориданд. Шаҳринав аз ноҳияҳои саноатию кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дар пешрафти соҳаи пахтакорӣ низ саҳми арзанда дорад.

Дар ҳама хоҷагиҳои калон ва хурди деҳқонӣ (инфиродӣ) барои кори пурмаҳсули чинакчиёну механизаторон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мақсади асосии пахтакорони ноҳия ҳар чӣ зудтар ҷамъоварӣ намудани ҳосил мебошад, зеро моҳи октябр боронгариҳои пай дар пай дорад ва он метавонад ба пешрафти кор халал расонад ва боиси талаф ёфтани ҳосил гардад.

Соли гузашта аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳринав нақшаи дурнамои пахтасупориро иҷро карда, дар қатори ноҳияҳои пешсафи пахтакории ҷумҳурӣ ҷойгир буданд. Онҳо ба хирмани Ватан 1310 тонна «тиллои сафед» супорида, нақшаи солонаро иҷро намуда буданд.

Имсол ҳам бо ҷаҳду талош ва заҳмати шабонарӯзии деҳқонон чунин комёбӣ таъмин карда мешавад. Дар майдони 692 гектар навъи серҳосили «Дӯстӣ», «Элдар» ва «Ориёӣ» кошта шуда, пахтакорон азм доранд, ки 1320 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъ оваранд. Ёздаҳ хоҷагии деҳқонии ноҳия дар баробари зироаткорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ба парвариши пахта машғуланд. Имрӯз деҳқонони хоҷагиҳои пахтакор, аз қабили Кооперативи истеҳсолии «Наврӯз», хоҷагиҳои деҳқонии ба номи И.Меликмуродов, И.Ҳамзаев, «Ҷавонон» ва «Истиқлол»-у «Сабо» аввалин тоннаҳои «тиллои сафед»-ро ба маркази қабул – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Баракати Шаҳринав», ки дар ноҳияи Шаҳринав фаъолият менамояд, ворид намуданд. Раиси ноҳия Исматулло Зайдов пахтакорони ноҳияро бо фарорасии давраи пурмасъулияти ғунучини ҳосили бо ранҷ парварида шодбош гуфт.

Аз масъулону деҳқонон талаб карда шуд, ки бо истифода аз ҳар як рӯзи мусоид ҳосили рӯёнидаро беталаф ҷамъ оварда, ба ин васила дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

Роҳбарияти ҶСП «Баракати Шаҳринав» дар навбати худ таъкид доштанд, ки пахтаи воридшударо ба сифати баланд коркард намуда, баҳри ҳавасмандгардонии заҳматкашон талош меварзанд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»