Соҳибкоронро ба майдони ободкорию созандагӣ мехонанд

№4 (3150) 08.01.2014

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат соҳибкорони ватанию хориҷӣ, тоҷирон ва шахсони дорою сарватмандро ба ҳамкорӣ даъват кард. Хабарнигорамон бо муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фотима Табарова дар ин робита ҳамсуҳбат шуда, хоҳиш намуд иқдоми мазкурро шарҳ диҳад:

-Рости гап, ин иқдоми беҳтарин аст.  Ободкорӣ ва созандагӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат низ ҷараён дорад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси  шаҳр муҳтарам Раҳмоналӣ Амиров баробари ба ин вазифа шурӯъ намудан чунин иқдомро пеш гирифта, соҳибкорони ватанию хориҷӣ, тоҷирон ва шахсони сарватмандро барои корҳои ободонию созандагӣ даъват намуданд. Мақсад аз ин, ҷалби онҳоест, ки мехоҳанд Ватани мо ҳар чӣ бештар обод шавад. Аз ҷумла, шаҳри Ваҳдат, ки дар мавзеи мувофиқ ҷойгир буда, бо пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе наздик аст, имконоти хуб дорад ва тавассути он ба ВМКБ, вилояти Хатлон, водии Рашт борҳои гуногун интиқол ёфта, мардум равуо мекунанд, бояд ба яке аз шаҳрҳои ободу дилкаш табдил ёбад. Ба ин восита пешниҳод гардидааст, ки коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, коркарди пахта, истеҳсоли матоъ, пойафзол, дӯхти либосҳои гуногун, хонаҳои истиқоматии баландошёна сохта, ҳамзамон бунёди муассисаҳои хизматрасонӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шавад. Барои муроҷиаткунандагон ҷиҳати бунёди иншооти зикргардида дар мавзеъҳои мувофиқ қитъаи замин ҷудо ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.

Бисёр воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» таври фаврӣ ин муроҷиати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро ба табъ расонданд, ки аз фурсат истифода бурда, миннатдории хешро баён мекунем. Ин ҳам як навъ дастгирии ин иқдомоти хуб аст.

Аллакай ин иқдом дар миёни соҳибкорон ҳамовозӣ пайдо кардааст. Инак, дар шаҳри Ваҳдат бо сарварии раиси он Р. Амиров майдони фаъолияти созандагӣ кушода шуд, тавре мегӯянд: «Майдон аз далер аст».

Барои фаҳмидани фикру мулоҳизаҳои хоҳишмандоне, ки мехоҳанд ба ин иқдом пайваста дар корҳои созандагӣ ҳамроҳ шаванд, рӯзи 10 январ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқот баргузор мегардад. Мо фикру мулоҳизаҳои соҳибкорон, тоҷирон, дигар шахсони хоҳишмандро шунида, онҳоро меомӯзем ва дар асоси пешниҳодоти ироашуда нақшаи фаъолиятро тартиб медиҳем.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»