Ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳокимияти судӣ. Рушд ва тақвияти салоҳияти он

№90 - 91 (3571 - 3572) 19.07.2016

Истиқлолияти миллӣ шарафу номус, рамзи саодат, соҳибихтиёрии миллӣ, нишонаи пойдориву бақои миллат аст. 

Соҳибихтиёрӣ дар системаи давлатдории тоҷикон баҳри таҳкими давлатдорӣ, инкишофи босуботи муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати ислоҳоти сиёсию ҳуқуқиро ба миён овард. Аввалин санади ҳуқуқӣ Эъломия «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва Қарори Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, №392 «Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ба шумор меравад, ки вазъи муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии (аз ҷумла муносибатҳои байналмилалии) кишварро ба куллӣ тағйир дода, ба рушди он заминаи воқеӣ фароҳам овард.

баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар мардум  дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ   ба пешравиҳои бузург ноил гардид. Дар баробари ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ низ рӯ оварда шуд. Қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд таҳия ва қабул карда шуданд.

Бояд гуфт, ки оғози фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон ба давраи баъд аз Инқилоби Октябр рост меояд. Бо қарори Кумитаи инқилобии РАСС Тоҷикистон ҳанӯз 14 декабри соли 1924 Комиссариати халқии адлия таъсис шуд, ки он ҳамчун мақоми олӣ ба ҳисоб рафта, дар як вақт низоми фаъолияти мақомоти адлия ва суду прокуратураро назорат ва роҳбарӣ менамуд.

Дар РАСС Тоҷикистон солҳои 1925-1926 судҳои халқӣ, судҳои округӣ ва шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олӣ амал мекарданд. Соли 1927 Сарсуди РАСС Тоҷикистон таъсис шуд, ки то соли 1929 фаъолият намуд. Моҳи сентябри соли 1929 бо қарори Кумитаи иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон Суди Олии РСС Тоҷикистон ташкил ёфт.

Мақомоти судии кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ хеле такмил ёфт. Ба тариқи раъйпурсии умумихалкӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошт.

Демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати комилан ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти мустақили судҳо вобастагии зич дорад, зеро мутобиқи муқаррароти моддаи 84 Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судӣ яке аз зуҳуроти ба амал баровардани адолати иҷтимоӣ буда,  оид ба ҳифз намудани ҳуқуқи инсон мавқеи хоса дорад.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти №271 тасдиқ шудааст) қайд гардидааст, ки хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилияту беғаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси баҳсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафили муҳими таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии ҷомеаю давлат мебошад.

Мутобиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионии марбут ба судҳо, яке аз аломатҳои адолати судӣ он мебошад, ки ба ғайр аз суд дигар мақомоти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ адолати судиро ба амал бароварда наметавонад.

Адолати судӣ танҳо бо роҳи муайянкардаи қонун ба амал бароварда мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд роҳҳои дигари ба амал баровардани он вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳҳои ба амал баровардани адолати судӣ муайян карда шудаанд. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро бо роҳҳои зайл ба амал мебароранд:

- баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаҳои конститутсионӣ;

- баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо;

- баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳалли масъалаҳои оид ба гунаҳгор будани судшавандагон, татбиқи чораҳои ҷазои муқарраркардаи қонун нисбат ба ашхосе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳкоранд ва ё сафед кардани бегуноҳон;

- баррасӣ ва ҳаллу фасли баҳсҳои иқтисодӣ;

-баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ.

Маҳз дар даврони соҳибихтиёрӣ қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, судии иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра, дар судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, Суди Олӣ ташкил гардидани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ, маъмурӣ ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуд.

Қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо (зиёда аз 24 ҳолат) тибқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ аз 1 апрели соли 2010 ба салоҳияти суд вогузор шудааст.

Тағйиру иловаҳо ва қабул гардидани қонунҳои нав  салоҳияти судҳоро васеъ ва масъулияти онҳоро дучанд месозад. Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ ҷабҳаҳои фаъолияти пешбурди мурофиаи ҷиноятиро бо назардошти стандартҳои умумиэътирофшуда комилан тағйир дода, доираи салоҳияти ҳокимияти судиро дар таъмини адолати судӣ васеъ намуд.

Тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро (аз оғози он, аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ то марҳилаҳои мухталифи муҳокимаи судӣ ва иҷрои ҳукм) минбаъд Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ сарчашма мегирад, муайян месозад.

Маҳз меъёрҳои хуқуқии конститутсионӣ ифодаи пурра ва мукаммали худро дар Кодекси нав дарёфт кардаанд. Чунончӣ, принсипҳои ҳифзи судӣ (моддаи 8), қонуният (моддаи 9), эҳтироми шаъну шараф (моддаи 10), дахлнопазирии шахсият (моддаи 11), дахлнопазирии манзил (моддаи 13), эҳтимолияти бегуноҳӣ (моддаи 15), баробарӣ дар назди қонун ва суд (моддаи 16), мустақилияти судяҳо (моддаи 17), мубоҳиса ва баробарии тарафҳо (моддаи 20) ва ғайраҳо.

Суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаро таъмин менамояд. Суд ҳуқуқ надорад, ки ба  яке аз тарафҳо имтиёз дода, ҳуқуқҳои тарафи дигарро маҳдуд намояд.

Ин меъёрҳо ба моддаи 7-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар хусуси баробарии ҳама дар назди қонун ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон пурра мувофиқат мекунанд, ки ба масъалаи бо тарзи мубоҳиса сурат гирифтани мурофиаи судӣ алоқамандӣ дорад. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ идома дорад ва он ба бунёди давлати ҳуқуқбунёди шаҳрвандӣ равона шудааст.

 Т. Қодирзода, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон