Олими тоҷик – барандаи ҷоизаи байналмилалӣ

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

Мирганд 412 июни соли 2015 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон маросими мукофотонидани ғолибон бо Ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Author — 2015» баргузор гардид.

Боиси сарфарозист, ки ҳамдиёри мо, олими шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов аз байни олимони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон аввалин барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Author — 2015» дар соҳаи математика шуд.

Ин ҷоизаи байналмилалӣ аз тарафи Ширкати илмӣ-академии табъу нашри «Springer»-и Ҷумҳурии Федеративии Германия ва филиали он дар Қазоқистон, ки ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон мансуб аст, ҳар сол супорида мешавад.

Ширкати илмӣ-академии табъу нашри «Springer» яке аз калонтарин ва куҳнатарин (таъсисаш — соли 1842) муассисаҳои табъу нашр аз рӯи равияҳои гуногуни илм, техника ва тиб мебошад. Аз 3065 маҷаллаҳои илмии «Springer» 1601 соҳиби импакт — фактори Thomson Reuters ва 2247 маҷалла дорои индекси байналмилалии илмии Scopus мебошанд ва дар онҳо зиёда аз 13000 нафар кору фаъолият мекунанд.

Ҷоизаи мазкур ҳар сол ба олимон ва муаллифоне дода мешавад, ки дар маҷаллаҳои илмии «Springer» мақолаҳои зиёди илмӣ ба табъ расонида, аз ҷониби олимони шинохтаи ҷаҳон эътироф гаштаанд ва саҳмашон дар инкишофи илми ҷаҳонӣ хеле калон аст. Инчунин ба олимоне дода мешавад, ки аз мақолаҳои илмиашон иқтибосҳои бештар истифода шудааст.

Байни ҷоизадорони соли 2015 олимони шинохтаи қазоқ Ратбай Мырзакулов (физика), Оралгазы Нуркенов (химия), Анварбек Мейрманов (математика), Юрий Тулеушев (физика), Серик Фазылов (химияи органикӣ), аз олимони қирғиз Исакбек Торгоев (геология), Канатбек Абдрахматов (сейсмология) ва Владислав Баталев (геофизика) ҳастанд.

Академик Мирганд Шабозов дар байни математикони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон аввалин олимест, ки сазовори Ҷоиза ва Дипломи хотиравӣ дар соҳаи математика шуд. Ин олими сермаҳсул зиёда аз 180 кори илмӣ, чор монография ва қариб 40 мақола бо забони англисӣ дар маҷаллаҳои илмии «Springer» — бонуфузтарин маҷаллаи илмии академии хориҷӣ, чоп кардааст. Дар баробари таҳқиқу пажӯҳиш, инчунин ӯ як доктори илм ва 16 номзади илмро тайёр кардааст ва айни замон роҳбарии се рисолаи докторӣ ва ҳашт рисолаи номзадиро ба зимма дорад.

Академик Мирганд Шабозов дар баробари корҳои илмӣ ва тарбияи шогирдон дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ саҳми назаррас дорад. Ӯ солҳои 1998 — 2005 дар вазифаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, солҳои 2005 — 2010 раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010 — 2015 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Барои меҳнати софдилонааш бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2002) сарфароз шудааст.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»