Омӯзгорон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд

№129 (4549) 19.10.2022

Дӯстӣ. Омӯзгорон 2Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 3 майи соли 2006 таҳти №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» 30 нафар омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Дӯстӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гаштанд.

Бино ба маълумоти мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода, ин ибтикор дар арафаи таҷлили «Рӯзи омӯзгорон» амалӣ гардида, ҳуҷҷатҳои замин аз ҷониби раиси ноҳия Нишонзода Даврон дар чорабинии тантанавӣ ба омӯзгорони ҷавон супорида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Садои мардум» бо номи «Чаро омӯзгорони ҷавон аз имтиёз маҳруманд?» дар шумораи №61 (4481) аз 21 майи соли 2022 перомуни зиндагии яке аз омӯзгорони ҷавони ноҳия Ҷумагул Саидова, ки аз соли 2014 то инҷониб барои дарёфти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ муроҷиат мекард, матлаб нашр карда буд.

Хушбахтона, Ҷумагул Саидова низ дар қатори дигар омӯзгорон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гашт. Ба гуфти Шаҳноза Маҳмадсаидзода, ин ташаббус минбаъд низ амалӣ гардида, марҳила ба марҳила дигар омӯзгорони ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин хоҳанд шуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»