Омадани сел чӣ пайомад дошт?

№ 01.05.2023

001Тавре аз Маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 23 ва 24 майи соли равон дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон жола борида, ба хоҷагии халқ зарар расонид.  

Аз ҷумла дар деҳаи Варваи Ҷамоати деҳоти Ромит бар асари бориши зиёди борон ва жола сел омада, панҷ манзили истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон, аз қабили оғилхона, ошхона, ҳаммом, заминҳои наздиҳавлигии 21 хонавода, роҳҳои маҳаллиро вайрон намуд.

Дар деҳаҳои Шул, Чашмаи Қозӣ, Вардуч ва Машконаки деҳоти Нусратулло Махсум, деҳаҳои Бинисуфиён ва Почеи поёни деҳоти Боқӣ Раҳимзода, деҳаҳои Додбахт ва Туғаки деҳоти Аскалон ва шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт низ сел боиси осеб дидани замини наздиҳавлигии 41 хонавода гардид.

002Ба ғайр аз ин, канали Саришухон-Аскалони деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт дар масофаи 100 метр хароб гардид.          

Дар мавзеи Лаби ҷари шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Сангвор бар асари офати табиӣ 5, 8 ва 9-уми шоҳроҳ осеби ҷиддӣ диданд.

Ҷиҳати бартарафсозии ҳолати баамаломада аз тарафи МДНРА-и ноҳия як адад техникаи муҳандисӣ ва роҳсозон сафарбар шуда, то соати 9-30 дақиқаи субҳи рӯзи 24 май роҳи мазкур пурра аз сангу шағал тоза ва ҳаракати ҳама гуна намуди воситаи нақлиёт таъмин гардид.

003Чунин ҳолат дар кӯчаҳои Одинаев, Каром Мирзоев, Тағоймурод Хушвахтов Ҷамоати шаҳраки Ёвон низ ба амал омад.

Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар минтақаҳои зикршуда комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида оид ба  ҳолатҳои фавқулода фаъолият намуда, зарари расида пурра муайян карда мешавад.

Муҳаммад ЗОКИР,

 “Садои мардум”

Омадани сел чї пайомад дошт?

 

Тавре аз Маркази матбуотии Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон хабар доданд, 23 ва 24 майи соли равон дар љумњурї, аз љумла дар як ќатор шањру ноњияњои тобеи марказ ва вилояти Хатлон жола борида, ба хољагии халќ зарар расонид.  

      Аз љумла дар деҳаи Варваи Ҷамоати деҳоти Ромит бар асари бориши зиёди борон ва жола сел омада, панљ манзили истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон, аз ќабили оғилхона, ошхона, ҳаммом, заминҳои наздиҳавлигии 21 хонавода, роҳҳои маҳаллиро вайрон намуд.

     Дар дењањои Шул, Чашмаи Ќозї, Вардуч ва Машконаки дењоти Нусратулло Махсум, дењањои Бинисуфиён ва Почеи поёни дењоти Боќї Рањимзода, дењањои Додбахт ва Туѓаки дењоти Аскалон ва шањраки Ѓарми ноњияи Рашт низ сел боиси осеб дидани замини наздињавлигии 41 хонавода гардид.

      Ба ѓайр аз ин, канали Саришухон-Аскалони дењоти Аскалони ноњияи Рашт дар масофаи 100 метр хароб гардид.          

     Дар мавзеи Лаби ҷари шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Сангвор бар асари офати табиї 5, 8 ва 9-уми шоњроњ осеби љиддї диданд.

Ҷиҳати бартарафсозии ҳолати баамаломада аз тарафи МДНРА-и ноҳия як адад техникаи муҳандисӣ ва роњсозон сафарбар шуда, то соати 9-30 даќиќаи субњи рўзи 24 май роҳи мазкур пурра аз сангу шағал тоза ва ҳаракати ҳама гуна намуди воситаи нақлиёт таъмин гардид.

     Чунин њолат дар кўчаҳои Одинаев, Каром Мирзоев, Тағоймурод Хушвахтов Ҷамоати шаҳраки Ёвон низ ба амал омад.

Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар минтаќањои зикршуда комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шањру ноњияњои зикргардида оид ба  ҳолатҳои фавқулода фаъолият намуда, зарари расида пурра муайян карда мешавад.

 

Муњаммад ЗОКИР,

 “Садои мардум”