Омодагӣ ба зимистон ҷиддист

№127 (3428) 23.09.2015

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба фасли зимистон омодагии ҷиддӣ дорад. Ёдовар бояд шуд, ки дар ноҳия айни ҳол 85 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла як мактаб — интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 15 144 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Ба таълиму тарбияи насли наврас 798 нафар омӯзгорони соҳибкасб машғул мебошанд.

Ҳангоми таътили тобистона масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо падару модари хонандагон биноҳои таълимиро таъмиру тармим намуданд. Барои таъмини пурраи муассисаҳои таълимии ноҳия дар давраи зимистон 686 тонна ангишт ва 316 метри кубӣ ҳезум лозим аст. То имрӯз ба муассисаҳои таълимии ноҳия 570 тонна ангишт ва 190 метри кубӣ ҳезум дастрас шудааст.

- Итминони комил дорем, ки бо дастгирии раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода то охири моҳи сентябр тамоми мактабҳо бо маводи зарурии сӯхт пурра таъмин мегарданд, — гуфт дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома мудири шуъбаи маорифи ноҳия Саидшариф Одиназода.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»