Пайравӣ аз иқдомҳои нек

№66 (4172) 04.06.2020

Соҳибкорони бурунмарзии шаҳри Конибодом, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, чанде пеш дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳона, барои пешгирӣ аз паҳншавии  COVID-19  ба ҳамдиёрон кумак расониданд.

цу- Кумаки расида иборат аз доруворӣ, либоси муҳофизатӣ, ниқоби тиббӣ  ва аробачаи маъюбӣ ба маблағи умумии 49000 сомонӣ ба беморхонаи марказии шаҳр, беморхонаҳои минтақавӣ ва марказҳои саломатии деҳот дастрас шуд, — изҳор дошт раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»