Пардохти саривақтии нафақа таъмин аст

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

Раёсати Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Рӯдакӣ  баҳри таъмини саривақтии пардохти нафақаи аҳолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Хабарнигорамон бо чанд савол ба сардори ин раёсат С. Раҳимов муроҷиат кард.

- Дар ноҳия айни ҳол чӣ қадар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд?

- Айни замон 24777 нафар  нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст. Нафақаи миёнаи маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 797,01 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,67 сомонӣ зиёд аст. Нафақаи миёнаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, 669 сомониро ташкил медиҳад, ки мутаносибан ба ҳамин давраи  соли гузашта 85,68 сомонӣ зиёд аст. Дар ноҳия 53 нафар нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявидошта умр ба сар мебаранд, ки дар ду сол як маротиба ҳуқуқи истифодабарии ройгони роҳхатҳоро доранд. Ҳамзамон 248 нафар нафақахӯрони аҳамияти маҳаллидошта дар қайди мо мебошанд ки маблағи онҳо аз тарафи комиссияи маҳаллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳар моҳ ҷудо карда мешавад.

-Киҳо ба гирифтани нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд?

- Соли ҷорӣ ба Раёсат 1486  нафар бо ариза барои таъин ва аз нав ҳисоб кардани нафақа муроҷиат намудаанд, ки  аз ин шумора 23  ариза бинобар  мутобиқат накардан ба қонунгузорӣ рад карда шуд. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 таҳти № 595 ва Дастурамал дар бораи тартиби ташкили таъин ва бозҳисобии нафақаҳои суғуртавӣ ва пардохти он аз 3 августи соли 2013 таҳти №362 таъини якчанд намуди нафақаҳои суғуртавӣ, аз ҷумла нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон, маъюбӣ ва аз рӯи синну сол муқаррар гардидааст. Аз 1486 аризаи воридгардида 1026 ариза барои дарёфти нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ мебошанд ва ҳамаи ин аризаҳо дар асоси қонунҳои амалкунанда баррасӣ гаштаанд. Аз 171  нафар шаҳрвандоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд, занҳо аз синни 58 — солагӣ  ва мардҳо аз синни 63 — солагӣ барои  пардохт намудани андӯхти нафақавӣ ҳуҷҷатҳо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати пардохт намудани маблағи онҳо ба дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳо пешниҳод шуда, бо дарназардошти аризаҳои соли 2014 ба 52-тои онҳо дастрас гардида, шахсони боқимонда дар рӯзҳои наздик аз тарафи филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳаққи суғуртавии худро мегиранд. Дар ин замина, ба ҳамин гурӯҳи нафақахӯрон то ин замон бо воситаи филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 57349 сомонӣ маблағи андӯхти нафақавӣ пардохт гардид.

- Ҳолати пардохти саҳмҳои суғуртавии  якфоиза чӣ гуна аст?

- Дар Раёсати Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  725  шахси  ҳуқуқӣ (корхонаю  муассиса ва  ташкилотҳо) ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, алҳол нақшаи пардохти саҳмияҳои суғуртавии якфоиза ба андозаи 92 фоиз иҷро гардидааст. Мутаассифона, то ҳол корхонаҳо ва ташкилотҳое  ҳастанд, ки аз супоридани ҳисобот оид ба ҳисобӣ шудани маблағҳои иҷтимоии якфоиза саркашӣ менамоянд ва бо ин сабаб нафақахӯрон саргардон мешаванд. Аз ҷумла, аз  Хоҷагии ёрирасони «Ҳисор», Ҷамъияти матлубот, корхонаи пиллапарварии ноҳия, ҶДММ «Сомониёнгаз» ва ҶДММ  «Ҷ. Румӣ» чунин ҳисобот ворид нашудааст.

Раёсат ҳамаи ҳисоботи  қабулшударо таври электронӣ қабул мекунад. Нусхаҳои аслии онҳо ба бойгонии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  супорида мешавад.

- Яке аз манбаъҳои асосии маблағи пардохти нафақа андози иҷтимоӣ мебошад…

- Нақшаи андози иҷтимоӣ сари вақт иҷро мегардад. Масалан, давоми шаш  моҳи соли 2015 ба маблағи 23 миллиону 609,1 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ ҷамъоварӣ шуд, ки ба 100,7 фоиз баробар аст. Соҳибкорон ва шахсоне, ки бо шаҳодатнома фаъолият менамоянд, мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти №117 ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод менамоянд ва ҳуқуқ доранд аз тамоми кумакпулиҳои иҷтимоӣ бархӯрдор шаванд, аз он ҷумла:

- кумакпулии корношоямии муваққатӣ;

- кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд;

- кумакпулии яквақта барои таваллуди кӯдак;

- кумакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак то синни 1,5 — солагӣ;

- кумакпулӣ барои дафн.

Як чизи дигарро зикр кардан бамаврид аст, ки ҳоло дар ноҳия пардохти нафақаи 22419  нафар нафақагирон тавассути кортҳои пардохтӣ ба роҳ монда шудааст. Кормандону мутахассисони мо ҳамеша саъй мекунанд, ки тамоми хоҳишу дархостҳои нафақагиронро сари вақт иҷро кунанд. Аз аввали соли ҷорӣ аз мақомоти болоӣ ба Раёсат 50 мактуб ва аризаҳо ворид шуда буд, ки онҳо дар муҳлатҳои муайянгардида баррасӣ гардиданд. Қабули шаҳрвандон ҳар рӯз, ба ғайр аз рӯзи якшанбе, ба роҳ монда шудааст. Давоми соли ҷорӣ зиёда аз 1078  нафар нафақахӯрон барои иваз намудани дафтарчаҳои нафақавӣ ва дигар масъалаҳо  муроҷиат намуданд ва аз тарафи кормандони Раёсат дархости онҳо иҷро гардид.

К. Бурҳониддин, «Садои мардум»