Дар партави Паём

Паём сарчашмаи асосии пешравиҳост

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз воқеаҳои  муҳими сиёсии сол барои мардуми кишвар маҳсуб меёбад.  Паёми Сарвари давлат  на фақат кормандони мақомоти давлатӣ, балки кулли шаҳрвандони кишварро  баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакатамон,  ба фаъолияти пурсамар ва воқеъбинона ҳидоят менамояд, аз ин хотир метавон онро сарчашмаи асосии дастовардҳои ҳар як сол маънидод намуд.

Барои мо — хизматчиёни давлатӣ донистани нуктаҳои Паёми Сарвари давлат имкон медиҳад, ки баробари вазифаи ҳаррӯзаи кориамон дар татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ фаъолиятамонро ба роҳ монем. Яъне, Паём барои муайян намудани мавқеи хизматчии давлатӣ нисбат ба равандҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Мо — нотариусони давлатӣ низ бояд ҳангоми иҷрои вазифаи худ ба масъалагузориҳои дар Паём таъкидгардида диққати ҷиддӣ диҳем. Доир ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар рақамҳое оварда шуданд, ки лоиқи тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷумла зикр гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа дар соли 2014 рушди иқтисоди мамлакат дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, дар ин давра Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил намудааст. Даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли пешин 12 фоиз зиёд шуда, ба 23,8 миллиард сомонӣ баробар гардиданд ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 21 фоиз афзоиш ёфтанд.

Танҳо дар ҳафт соли охир даромади Буҷети давлатӣ беш аз чор баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2015 ба 15,3 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Сарвари давлат ба масъалаҳои доғи рӯз дахл намуда, зикр карданд, ки омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст.

Бо сабаби коста гардидани муҳити солими оила ва тарбияи ҷавонон баъзан пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ба назар мерасанд. Таъкид гардид, ки  терроризм ва ифротгаройӣ дар ҷаҳон беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Бинобар ин, баробари  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат  дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бояд тамоми ниҳодҳои солими ҷомеа масъулият дошта бошанд.

Дар Паём маълумотҳое оварда шуданд, ки боиси ташвиши ҷомеа мебошад. Аз ҷумла соли гузашта аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 — сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.

Паёми Сарвари давлатро мо — кормандони идораҳои нотариалӣ, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дар фаъолияти минбаъдаамон қарор додаем.

Бӯстон УМАРОВ, нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум