Пирӯзии хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофарӣ

№73 (3219) 04.07.2014

Лозим  ба ёдоварист, ки ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварда шуд. Дар ин иҷлосия маълум гардид, ки роҳбарияти давлат, бахусус Сарвари тозаинтихоби он Эмомалӣ Раҳмон омодаанд баҳри таъмини сулҳ, сарҷамъии миллат, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми имконияту воситаҳо истифода баранд. Хушбахтона, чун мақсаду мароми давлат ва халқ ягона буд, дар кишвари мо алорағми ҳама гуна мақсаду ниятҳои  бадхоҳони миллат, сулҳу ваҳдат барқарор гардид.

Ба ин васила шароит фароҳам омад, ки баробари дигар пешравиҳо аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он барқарор ва фаъол гарданд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд қабулгашта ба таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва оғози раванди бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд.

Низоми давлатдорӣ ва волоияти қонун пеши роҳи ҳама гуна бесарусомониро гирифт. Ҳоло дар фазои сулҳу Ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем. Ба қадри ин неъмати бебаҳо бояд расем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буд: «…имрӯз дар ҷаҳон чӣ теъдод миллатҳо барои соҳиби ватан ва давлати худ шудан мубориза мебаранд. Бештари онҳо ҳама чизро доранд, вале чун аз давлати миллӣ маҳруманд, аз ҳаёти худ қаноатманд нестанд».

Мо соҳибватанем ва аз давлати мустақили худ ифтихор дорем.

Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як марому мақсад барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, саъю кӯшиш дорем.

Вазифаи муҳиму масъулиятнок имрӯз аз он иборат аст, ки сарфи назар аз авзои мураккаби минтақа ва ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат дастовардҳои бузургамонро, ки аз масъалаҳои муҳими ҳаётӣ дониста мешаванд, ҳимоя намоем.

Ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар кишварамон имкон фароҳам овардааст, ки ҳадафҳои неки бунёдкорӣ ва созандагии худро амалӣ гардонем.Ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст мебошад.

Қаҳрамон АБДУЛВОҲИДОВ, корманди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон