Рӯзи қабули сайёри Раиси вилоят

№129 (3430) 28.09.2015

Раиси вилояти  Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ  Курбоналӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик гурўҳи сокинони ноҳияро дар доираи рўзи қабули шаҳрвандон ба ҳузур пазируфт.

Шаҳрвандон Раҳматулло Саъдуллоев, Абдухолиқ  Пираков  аз деҳоти ба номи Бобоюнус Худойдодзода, Саймурод Ҳайдаров, Саидумар Файзиддинов, Маҳмадсаид Раҷабов аз деҳоти «Кангурт», Гулистон Бекова аз деҳоти «Танобчӣ», Бекмурод Урозов, Ҳабибулло Иззатов аз шаҳраки Совет, С.Амриддинов аз деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимов ва чанде дигарон аз раиси вилоят хоҳиш намуданд, ки барои мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Сурхоб, таъмири буѓхонаи муассисаҳои таълимии № 2, 3, 41, танзими мавҷи телевизиони вилоят, беҳ гардонидани ҳолати заминҳои обӣ, таъмини оби нўшокӣ дар маҳаллаҳои мавзеи Ҷорўбқул ва  ба ҳамин монанд мушкилоти дигари сокинон кумак расонад. Ҳамчунин сокинони ноҳия барои баргузор намудани рўзи қабули сайёр ба раиси вилоят изҳори миннатдорӣ  намуданд.

Т. Файзалӣ,

«Садои мардум»