Рашт: Ҷашнро сазовор пешвоз мегиранд

№ 18.08.2022

Ба истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор додани 203 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро ба нақша гирифтааст.

Муовини раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ ба хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар ободонию созандагӣ назаррас буда, аз 203 иншооте, ки ба нақша гирифта шудааст, 27 иншоот ба соҳаи маориф, 12 — тандурустӣ, 9 — фарҳанг, 25 — варзиш ва 45 иншоот ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ марбут аст. Илова бар ин, бунёди 17 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 бинои маъмурӣ, мумфарш намудани 8 километр роҳ, кашидани 11 хати оби нӯшокӣ, кофтани 13 чоҳи амудӣ, эъмори 5 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 5 ҳавзи моҳипарварӣ, 3 фермаи мурғпарварӣ, фермаи чорводорӣ ва сардхона дар назар аст.

Бо мақсади риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохт­мон ва истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи иншоот ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» роҳандозӣ шудааст. Дар ин давра 120 лоиҳа, аз ҷумла 107 лоиҳаи манзили истиқоматӣ, 13 лоиҳаи бинои ҷамъиятии то 300 метри мураббаъ ва 11 харҷномаи таъмирӣ таҳия гардид.

Дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022 «Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» нақшаи чорабиниҳо қабул шудааст, ки тибқи он, бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 коргоҳ, аз ҷумла дар соли 2022-юм 6 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар аст.

- Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи технопарк дар ноҳияи Рашт таҳия шуд, ки дар заминаи он бунёди корхонаҳои гуногун пешбинӣ гардидааст, — гуфт дар хотимаи суҳбат Ҳамдулло Шарифзода.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»