Роҳандозии ҳамкориҳо ба манфиати тарафайн аст

№85 (3386) 23.06.2015

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ мудири конселярия оид ба корҳои хориҷии музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Чжан Баовен ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки бисёр хуб мешуд, агар мо ҳамкориҳоямонро дар соҳаи саноат ба роҳ монда, корхонаҳои коркарди меваю сабзавотро ташкил карда, маҳсулотро содирот менамудем.

Мудири конселярия оид ба корҳои хориҷии музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Чжан Баовен зикр кард, ки Шоҳроҳи бузурги абрешим аз музофоти Шэнси оғоз ёфта, аз ҳудуди вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва мақсад аз омадани ҳайати хитойӣ барқарор намудани равобити гуногунҷанба мебошад.

-Имрӯз аз тарафи раиси вилояти Хатлон таклифу пешниҳодҳои хуб ироа шуданд ва мо, албатта, онҳоро ба роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Хитой мерасонем, -зикр кард Чжан Баовен.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки ҳамкориҳои вилояти Хатлон бо музофоти Шэнси ба манфиати ҷонибҳо хизмат хоҳад кард.

Д. СУЛТОН, «Садои мардум»