Роҳи деҳа мумфарш гардид

№99 (4682) 07.08.2023

НАЗАРОВ (1)Моҳи июли соли ҷорӣ сокинони деҳаи Саховати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бо дастгирии соҳибкорон ва Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр маркази деҳаашонро пурра мумфарш карда, кӯчаҳоро таъмиру тармим намуданд.

Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода Исфандиёр Муқимов бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти номбурда нақшаи чорабиниҳо иборат аз 117 банд амалӣ шуда истодааст.

НАЗАРОВ (2)Дар радифи бунёди иншоотҳо ба корҳои ободонии деҳот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бештари он барои рафъи мушкилот дар самти хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмири хатҳои барқ, обрасонӣ ва роҳҳо, нигаронида шудааст.

Муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода дар маъракаи мумфаршкунӣ ширкат карда, ба сокинони саховатпеша ва ободкори ин диёр аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор изҳори сипос намуд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»