Роҳи мошингарди Хоруғ — Мурғоб — Кулма дар қитъаи Барсем аз нав кушода шуд

№114 (3415) 26.08.2015

DSC01015Қитъаи сеюнимкилометраи харобгардидаи шоҳроҳи Кӯлоб — Дарвоз — Мурғоб — Кулма, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки дар натиҷаи офати табиӣ 16 июл зери об монда буд, барқарор карда шуд. Лозим омад, ки дар ин минтақа аз миёни кӯҳ роҳи нав сохта шавад.

Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи офатзада бо истифода аз техникаҳои пуриқтидори  зарурӣ роҳсозон шабу рӯз меҳнат карданд.

Ин минтақаи душворгузар таҳти назорати доимии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед қарор дошт. Барои азнавсозии роҳ ширкатҳои бонуфузи роҳсозии хитойии «Чайна Роуд», «Синохайдро», «Текар»-и Туркия, «Ориёно»-и Эрон, «Роғунстрой» ва «Бадахшонроҳ»-и Тоҷикистон  ҷалб шуда буданд. Барои тезонидани суръати сохтмон кор дар чор баст ташкил гардид. Аз ҷониби ҶСК  «Помир Энерҷӣ» барои сохтмончиён ба воситаи дастгоҳҳои равшанидиҳанда шабона шароит фароҳам оварда шуд.

25 августи соли равон дар минтақаи Барсем ба хотири кушодани ин роҳи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ намуд. Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба ҳамаи роҳсозони ватаниву хориҷӣ, мардуми таҳҷойӣ ва онҳое, ки дар кушодани роҳи мазкур саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин минтақаи шоҳроҳи байналмилалӣ  бо заҳмати шабонарӯзии роҳсозони ватанию хориҷӣ  дар муҳлати муқарраршуда сохта, ба истифода дода шуд. Албатта, корҳои зиёде ҳанӯз дар ин минтақаи роҳ дар пешанд. Вале муҳимаш он аст, ки роҳи мошингард ва рафтуомади сокинони деҳоти дурдасти водии  Ғунд ва ноҳияи Мурғоб барқарор гардид.

Аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат Азим  Иброҳим, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода  ба роҳсозони ватанию хориҷӣ ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Ш. Шоҳқосимов,  «Садои мардум»