Роғун: Барои муҳоҷирон шароити хуб муҳайё мешавад

№115 (3416) 28.08.2015

рогунЗимни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун  табақи бузурги  якунимметра манзури Сарвари давлат гардонида шуд. Он маҳсули дастони раиси деҳоти «Сичароғ» Наҷмуддин Мирзоев ва сокини деҳаи Шоҳи Арслон усто Шоисуф Ёқубов мебошад. Ҳангоми ширкат дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мо бо Наҷмуддин Мирзоев ҳамсуҳбат шудем.

Вале дар суҳбати мо кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои зериобшавандаи НБО «Роғун» масъалаи меҳварӣ буд.

- Имрӯз бинобар сохтмони иншооти азим ва барои кишвар муҳим — НБО «Роғун» як қисми сокинони деҳоти шуморо низ зарурати ба дигар ҷойҳо кӯч бастан пеш омадааст. Мардум ин тадбирро чӣ гуна қабул намуданд ва ҷараёни кӯчонидани онҳо чӣ тавр ҷараён дорад?

- Алҳол дар ҳудуди деҳоти мо 3 ҳазору 972 нафар зиндагӣ мекунанд. Фарзандони аҳли деҳот дар 13 таълимгоҳ ба донишомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Бунгоҳҳои тиббӣ дар хизмати сокинон қарор доранд. Аз маркази шаҳр низ мунтазам духтурон ба аҳолии деҳот хизмати тиббӣ мерасонанд. Деҳаи дурдасти Қорӣ Шариф бо қувваи барқ таъмин нашудааст ва деҳаи дигар- Мулло Ваҳад роҳи мошингард надорад. Ҳалли ин масъалаҳо дар мадди назари мақомоти маҳаллӣ қарор дорад.

Як қисми ҳудуди деҳоти «Сичароғ» ба минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун»  дохил гардидааст. Мувофиқи нақша бояд сокинони ҳашт деҳа иборат аз 438 хоҷагӣ (қариб 1000 нафар) кӯчонида шаванд.  Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату мулоқотҳо сокинони деҳоти мо моҳияти масъаларо фаҳмида, ин заруратро хуб қабул намуданд.

То имрӯз 199 оила дар деҳаи Тойчии деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо замин таъмин шуданд. Аллакай аъзои 123 оила сохтмони манзилҳояшонро анҷом доданд. Бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар деҳаи зикршуда идома дорад.

- Дар ҳудуди шаҳри Роғун низ барои онҳо ягон мавзеъ ҷудо шудааст?

-Оре,  ба 108 оила дар деҳаи Саидони боло, ба 86 оила дар мавзеи Ёли Гармобаи деҳоти «Қади Об» қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо гардидааст. Аллакай нуҳ оила хонаҳои нави худро бунёд намуданд. То оғози давраи зимистон бисёре аз сокинони минтақаи зериобшаванда ба ҷойҳои нави истиқоматии худ кӯч мебанданд.

-Барои онҳое, ки манзилҳои истиқомати-ашонро тарк  намуда, ба дигар минтақаҳо кӯч мебанданд, чӣ гуна кумак расонида мешавад?

- Табиист, ки иҷрои ин кор ногузир аст ва ба онҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК НБО «Роғун», Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» кумакҳои зарурӣ расонида мешавад. Ба ҳар як оилае, ки кӯч мебандад аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии аввалиндараҷа ба маблағи аз 3 то 3,5 ҳазор сомонӣ дода мешавад.  Маблағи хонаҳои истиқоматӣ дар асоси шиносномаи техникӣ   аз тарафи Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» пардохт мегардад. Аз ҷониби ҶСК  НБО Роғун» бошад, ба 63 оилаи деҳаи Кашро, Мироғ ва Тагоб ба миқдори 39,1 метри мукааб қуму шағал ва панҷтоннагӣ семент дода мешавад.

Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ба онҳое, ки ба дигар минтақаҳо кӯчонида мешаванд, кумакҳои заруриро сари вақт расонем.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»