Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди иқтисод роҳ ба сӯйи шукуфоӣ аст

№17 (3967) 12.02.2019

ДустиПаёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 26 декабри соли 2018) фарогири масъалаҳои мубрами рӯз дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар буда, масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафарро дар тақвияти ватандорӣ, садоқат ба муқаддасоти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва ҳиссагузорӣ дар рушди ҷомеаи навин боло мебарад. Имрӯз, ки авзои геополитикии сайёра, бинобар бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, хатарзо гардидааст, оини меҳанпарастӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки пояҳои истиқлолият ва рукнҳои давлатдориро қавитар гардонида, ҷиҳати такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт ва таъмини зиндагии шоиста раванди созандагию бунёдкориро бемайлон равнақ бахшем, сатҳи ниёзу вобастагиамонро аз воридоти бебаркаши молу маҳсулоти хориҷ, ки дар сифати бехатарии онҳо кафолати устувор нест, коҳиш диҳем, ҳадди имкон худ таъминкунандаи маҳсулоти ғизои солим, молу маҳсулоти ватанӣ бошем. Зеро яке аз омилҳои мусоидаткунандаи ноаён ба доми тазвири кишварҳои пешрафтаи бартарихоҳу манфиатҷӯй афтодани давлатҳои қафомондаю рӯ ба инкишоф маҳз аз ҳамин ҷо реша мегирад.

Дар шароити раванди ҷаҳонишавии бошитоби асри пурталотум давлате, ки қудрату тавонмандии ба даст гирифтани тақдирро дораду бознигари дигарон намегардад, мисли чобуксаворест, ки ӯро касе банд андохта, дошта наметавонад. Маҳз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон уқдакушои масоили мураккаби давлату давлатдорӣ дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ, ҳидоятгари ояндасоз дар роҳи фатҳи қуллаҳои нави тараққиёт, ҳаёти рангини халқ ва аз ҳама муҳим, омили густариши ҳамкориҳои судманд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кардани мамлакат мебошад. Пешвои миллат дар ин марҳалаи тақдирсоз, пеш аз ҳама, ба боварӣ, эътиқод ва иродаи қавии халқи озодаву покманиш ва шарафманди кишвар такя менамоянд.

Истиқлолияти давлатӣ имконияти васеъ ва фазои комилан озоди бо заҳмати зеҳнӣ таҳия намудани барнома, нақшаю стратегияҳои пухтаю ҳадафнокро ба миён овард. Дар натиҷаи роҳандозӣ кардани онҳо сохтмони давлати миллӣ такмил ёфт, мустаҳкам гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол на фақат аз таъсиргузории буҳронҳои сиёсию молиявии ҷаҳон худро эмин нигоҳ дошта тавонист, балки аз соли 2015 ба ҷодаи рушди устувор қадами қатъӣ гузошт. Далели ин қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад, ки аз се барномаи рушди миёнамуҳлати кишвар таркиб ёфтааст ва онҳо дар алоҳидагӣ ҳар панҷ сол арзёбӣ мегарданд.

Рӯйдоду дастовардҳои кишвар дар соли 2018 — оғози расмии татбиқи ташаббуси чорум дар соҳаи об-Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии СММ, ба кор андохтани агрегати якуми НБО-и «Роғун», ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон умеди ҳар як тоҷику тоҷикистониро ба фардои дурахшони зиндагӣ қавитар мегардонанд. Аз ҷониби Президенти мамлакат солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳамчунин, саноатикунонии мамлакат, яъне гузаштан аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ — аграрӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ омили воқеии таъмини манфиатҳои миллӣ ва боз ҳам шукуфотару пешрафта гардидани кишвар хоҳад шуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ аз ин хотир ва баҳри истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, татбиқи амалии дас­туру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, сабзкорӣ, тозакорию ободкориро дар ҳама самти хоҷагии халқ вусъат бахшида, дар ҷустуҷӯйи роҳҳои пешрафта гардонидани соҳаҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла, истифода аз иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои моддии мавҷудаи то ҳол истифоданашуда, ба кор андохтани фишангҳои хоҷагидорӣ, мавриди амал қарор додани шаклу усулҳои пешқадами корбариро пеш мегирад, ки ба рушди воқеии хоҷагии халқ мусоидат хоҳанд кард. Имрӯз маҳсули ҳиммати ватанпарваронаи соҳибкорон, заҳмати шабонарӯзии аҳли зиё, фаъолияти густурдаи кишоварзон, боғу токпарваронро дар ҳар як гӯшаи ноҳия мушоҳида кардан мумкин аст.

Ин ҷо лозим медонам таваҷҷуҳро ба рақамҳои фараҳбахши иқтисодии аҳли заҳмати ноҳия дар соли 2018 равона намоям. Пеш аз ҳама, бояд тазаккур дод, ки нақшаи даромади буҷет, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, ба маблағи 33 миллиону 748 ҳазор сомонӣ (102,9 фоиз) иҷро гардид.

Албатта, наметавон ҳар сол дар ҳама шакли хоҷагидорӣ комилан музаффарият ба даст овард. Чунончи, дар самти кишоварзӣ, ҳарчанд ҷиҳати таъмини нишондодҳои баланди истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда бошанд ҳам, бинобар номусоид омадани обу ҳаво истеҳсоли ғалладонагиҳо 28766 ва пахта 11460,9 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 камтар мебошанд. Аммо нишондодҳои истеҳсолии дигар ­навъи зироат — картошка, сабзавот, полезиҳо, мева, ангур, гӯшт, шир, моҳӣ ва ғайра дар муқоиса бо як соли пеш хеле зиёданд.

Соҳибкорон низ бо амри дилу эҳсоси волои ватандорӣ маҷмӯи нишондодҳои истеҳсолиро сол то сол афзоиш бахшида истодаанд. Барои мисол, соли гузашта агар аз 123 нафар соҳибкори инфиродии бо шаҳодатнома ­фаъолиятдошта ба буҷети ноҳия 747 ҳазору 900 сомонӣ ворид гардида бошад, аз 772 соҳибкори инфиродии бо патент машғули кор 1 миллиону 539 ҳазору 100 сомонӣ, аз 2491 хоҷагии деҳқонӣ 3 миллиону 228 ҳазору 900 сомонӣ маблағ ворид шуд.

Дастовардҳо дар самти саноат, савдо, сохтмон низ шоистаи таҳсинанд. Чунончи, агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 176 миллиону 933 ҳазору 400 сомонӣ (100,3 фоизи нақшаи солона)-ро ташкил дода бошад, дар соҳаи савдо муомилоти молӣ 197 миллиону 872 ҳазору 400 сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 52 миллиону 396 ҳазору 300 сомониро дар бар гирифт. Дар соҳаи сохтмону меъморӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маб­лағгузорӣ 22 миллиону 404 ҳазору 500 сомонӣ аз худ карда шуд.

Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 112 иншоот, аз қабили китобхона, ҳуҷраи хатна, неругоҳи хурди барқӣ, сартарошхона, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзиширо ба нақша гирифтааст, ки дар ин самт корҳо идома доранд. Ҳама иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорон бунёд меёбанд, ки ин аз меҳанпарастии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Масъалаи бо шуғл ва ҷойҳои нави корӣ фаро гирифтани аҳолӣ низ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад, зеро ин маънӣ аз таъкидҳои ҳамешагии Роҳбари давлат ва нуктаҳои паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бармеояд.

Нурмуҳаммад САИДЗОДА,

раиси ноҳияи Дӯстӣ