Дар суҳбати мутахассис

Рушди токпарварӣ манфиати зиёд меорад

№38 (3339) 16.03.2015

Ба ҳуҷраи корӣ марди куҳансоле ворид шуд, ки чеҳраи хуб ва сару либоси озода дошт. Маълум, ки шахси бомаърифат аст. Ин андеша ҳамзамон дар оғози суҳбат тасдиқ гардид.

Қаюм Раҷабов, номзади илмҳои кишоварзӣ, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ мақсади ташриф оварданашро баён кард:

-Писарам, як умр дар соҳаи токпарварӣ фаъолият намудам. Имрӯз боиси хурсандӣ аст, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ривоҷи боғу токпарварӣ эътибор медиҳанд ва солҳои охир майдони боғу токзор зиёд шуда, истеҳсоли меваю ангур афзоиш ёфтааст. Ман омадам, ки тавассути ин рӯзномаи бонуфуз аз таҷрибаи хеш каме нақл кунам.

-Шумо дар соҳаи боғу токпарварӣ корро кай ва аз куҷо сар кардед?

-Баъди хатми факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) соли 1961 маро бо роҳхат ба Пойгоҳи илмии зироатҳои субтропикии Вахш, ки тобеи ҳамонвақта Институти илмӣ-тадқиқотии хоҷагии қишлоқ буд, равон карданд. Он ҷо ба ҳайси ходими илмӣ ва ҷонишини директор оид ба илм дувоздаҳ сол кор кардам ва рисолаи номзадиамро ҳимоя кардам. Рӯзе ба коргоҳи мо вазири онвақтаи саноати хӯрокворӣ Атоев Том Маҳмудович омаданд. Бо фаъолияти илмии ман аз наздик шинос шуда, маро барои кор ба вазорат даъват карданд. Ба Душанбе омадам ва маро дар вазорати номбурда ба вазифаи сардори Сарраёсати боғу токпарварӣ, шаробпазӣ ва консервабарорӣ таъин карданд. Минбаъд Вазорати саноати хӯрокворӣ бо роҳбарии вазири он И. И. Қурбонов теъдоди хоҷагиҳои боғу токпарварӣ ва корхонаҳои шаробпазиву консервабарориро бамаротиб афзун гардонид, ки дар ин кор ҳиссаи хоксоронаи ман ҳам буд. Баъди панҷ соли дар ин вазифа кор карданам маро ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор даъват карданд ва фаъолиятамро ба ҳайси  инструктори шуъбаи хоҷагии қишлоқ идома додам. Баъдтар дар Институти илмӣ- тадқиқотии боғу токпарварии Вазорати кишоварзӣ, дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ адои вазифа намудам. Солҳои охир дар Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи боғу токпарварӣ ва ходими калони  илмӣ будам. Ҳоло  нафақахӯр мебошам ва ба соҳибкорӣ машғулам.

-Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ривоҷи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд…  

-Бале. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ин масъаларо махсус таъкид кард, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса ва андешаҳои дурбинонаи он кас дарак медиҳад. Бояд  ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳанӯз 6 апрели соли 2007 дар ин самт иқдом намуда буд. Инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ба тасвиб расид. Дар Паёми навбатии Президент зикр гардид: «Дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор қариб 20 фоиз ва кишти сабзавот 30 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд гардида, тамоюли афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ ба назар мерасад.

Танҳо дар натиҷаи амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзорҳо беш аз 54 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд.

Яъне, ин барнома пурра иҷро гардид ва зарур аст, ки барномаи нави рушди боғу токпарварӣ ҳар чӣ зудтар таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.».

-Ба фикри шумо аҳамият ва бартарии токпарварӣ дар чист?

-Заминҳои танҳо барои токпарварӣ имконпазир аз соҳилҳои дарёҳои Сиру Ому то ВМКБ доман паҳн кардаанд. Қисматҳои зиёди минтақаҳои номбурда барои чорводориву зироаткорӣ истифода мешаванд. Дар баробари ин, дар қитъаҳои боқимонда токзор бунёд кардан мумкин аст. Вилоятҳои Суғду Хатлон садҳо гектар заминҳои регистон, шағалзору санглохҳои нисбатан ҳамвор доранд, ки дар он ҷойҳо бо ба роҳ мондани токпарварӣ даромади калон ба даст овардан мумкин аст. Дар ноҳияи Шӯрообод, байни деҳаҳои Ёл ва Порвор як дараи васеъбар аст, ки аз деҳаи Сари Ғор ба тарафи шимолу шарқ–минтақаи Дашти Ҷум даҳҳо километр тӯл кашидааст ва ҳоло дар қисми ками он анор парвариш меёбад. Агар дар ин мавзеъ ангурпарварӣ низ ба роҳ монда шавад, даҳ баробар бештар даромад медод ва барои бисёриҳо қариб тамоми сол ҷойи корӣ муҳайё мегардид.

Метавон гуфт, ки Тоҷикистон ватани ангур аст, чунки дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариши онро мумкин аст ба роҳ монд ва фоидаи зиёди иқтисодӣ ба даст овард.

-Бигӯед, ки парвариши кадом навъҳои ток дар шароити иқлими Тоҷикистон мувофиқ аст?

-Дар «Феҳристи давлатии навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растание, ки барои истифода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 иҷозат дода шудааст» дувоздаҳ навъи истеъмолӣ ва дувоздаҳ навъи техникии зироати токи ангур барои бунёди токзорҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шудаанд.

Ниҳолҳои токи ангур  мувофиқи стандартҳои давлатӣ бояд ченакҳои зеринро дошта бошанд: дарозии ду химчаи расидаи онҳо на кам аз 25-26 см буда, бояд 3-4 пунбаки навдадиҳанда дошта, доираи химча дар асосаш бояд на кам аз 5 мм бошад. Ниҳолҳо бояд дорои на кам аз ду решаи асосӣ ба ғафсии аз 2 мм зиёд бошанд. Истифодаи ниҳолҳои касал барои бунёди токзорҳо қобили қабул нест. Барои он ки навъи ангур дар як қитъаи замин 30-35 сол ва аз ин ҳам зиёд ҳосили баланди хушсифат диҳад, зарур аст, ки ба интихоби ниҳолҳои он аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

-Шумо ҳамчун шахси ботаҷриба боз чӣ маслиҳату пешниҳод доред?

-Ҳоло анъана шудааст, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ташкил мешавад. Аммо саволе пайдо мешавад, ки оё ҳамаи ниҳолҳое, ки дар чунин ярмаркаҳо ба фурӯш мебароранд, босифатанд? Имрӯз ниҳолпарварони тасодуфӣ ҳам зиёд шудаанду ин корро барои ба даст овардани даромад мекунанд. Онҳо навъҳои ампелографии токи ангурро намешиносанду ниҳоли онро чӣ гуна тайёр карда метавонанд? Токзорҳо аз омехтагии навъҳои ампелографии токи ангур бунёд мегарданд. Хуб мешуд, хоҷагиҳои давлатии махсусгардонидашудаи ниҳолпарварӣ ба ин кор ҷиддӣ машғул шаванд.

Бо ҷорӣ намудани токпарварии касбиву саноатӣ ва истифода аз навъҳои беҳтарини таҳҷоиву воридотӣ мо метавонем истеҳсоли ангур, шаробҳои навъҳои беҳтарин ва зиёда аз сӣ намуд консерваҳои ангуриро ба роҳ монда, аз фурӯши он иқтисодиёти давлатро баланд бардорем. Агар дар назди ҳар харсангу дарахтони қадпасти бесамари кӯҳистонамон як бехи токи ангур шинонида, ҳосили онро барои ҳимоя аз парандагон тавассути пӯшонидан бо тӯрҳои сунъии арзони полиэтиленӣ ташкил намоем, тирамоҳ аз ҳар як ниҳоли ток то 50 килограмм ва аз ин ҳам зиёд ҳосили ангур ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.

Истифодаи насосҳо, лӯлаҳои полиэтиленӣ имконият медиҳад, ки заминҳои релефҳои мураккабтарин доштаро бе тахту ҳамвор кардан барои токпарварӣ ва саноати коркарди он истифода шаванд. Бояд коре кунем, ки аз ҳар гектар замини диёри кӯҳсорамон ҳар чӣ бештар фоида ба даст орем.

Б. КАРИМОВ, «Садои мардум»