Даъвати тирамоҳӣ - 2015

Сафи ихтиёриён меафзояд

№139 (3440) 19.10.2015

Дар ноҳияи Ҷиргатол бо ибтикори раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон чанд сол боз гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби омӯзгорон ва фаъолони ноҳия ташкил шудааст. Аъзои гурӯҳ мунтазам бо ҷавонон вохӯриҳо мегузаронанд ва оид ба масоили мавриди назар суҳбат менамоянд. Ин аст, ки бо оғоз гардидани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шумораи зиёди ҷавонон ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, хоҳиш карданд, ки онҳоро барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қабул намоянд. Рӯзи гусели наваскарон дар маркази ноҳия пирони рӯзгордида таъкид намуданд, ки «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст» ва ҳифзи марзу буми он қарзи фарзандии ҷавонони бонангу ори диёрамон мебошад.

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия,- гуфт дар суханрониаш раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир,- бо шумо — ҷавонони ҷасуру диловар ифтихор менамояд. Мо бовар дорем, ки шумо дар қатори ҳазорон нафар ҷавонони кишвар софдилона ва содиқона қарзи фарзандии хешро адо карда, бо сари баланд ба назди падару модар ва хешу ақрабо бармегардед.

Кормандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои аскарбачаҳо ва гуселкунандагон барномаи рангини консертӣ пешниҳод намуданд.

Бо гусели ин гурӯҳи ихтиёриён 50 фоизи нақшаи пешбинишуда иҷро гардид.

Д. МИРЗО, «Садои мардум»