Савдои одамон амалест нангин

№97 (3243) 18.08.2014

Тақвияти мубориза алайҳи онро қонун тақозо мекунад

Савдои одамон ҳамчун як намуди тиҷорати ғайриқонунӣ аз ҷиҳати даромаднокӣ баъди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ ҷойи сеюмро ишғол менамояд.

Дар миқёси ҷаҳон ҷинояткорон аз савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд мувофиқи маълумоти СММ ҳар сол беш аз 30 миллиард доллари амрикоӣ фоида ба даст меоранд.

Аз таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки сатҳи ин қабил ҷиноятҳо сол то сол боло рафта истодааст. Соли 2013 ин намуди ҷиноят 680 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 149 адад зиёд мебошад.

Ба саволи мо дар робита ба ин масъала сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Сафиалло Девонаев посух дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 481 ҷинояти мансуб ба хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла як ҳолати одамрабоӣ, нуҳ ҳолати ҷалби одамон барои истисмор, 22 ҳолати хариду фурӯши одамон маълум карда шудааст.

Мутаассифона, дар ин амали нангин занон низ даст доранд. Аз 38 нафари ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалбгардида 30 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Нафарон ё гурӯҳҳое низ ҳастанд, ки ба ҷалбу фиреби занону духтарон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ машғул шуда, даромади зиёд ба даст меоранд. Ҳоло 157 нафар шахсоне, ки ба интиқоли занону духтарон ба хориҷи кишвар бо мақсади истисмори шаҳвонӣ машғуланд, дар қайди алоҳидаи Вазорати корҳои дохилӣ қарор доранд.

Аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ 39 қурбонии хариду фурӯши одамон муайян гардидаанд, ки аз онҳо 29 нафарашон дар шаҳри Дубай мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор доштанд.

Аз ин ҳисоб 13 нафар бо тариқи андешидани чораҳои фаврӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ муайян карда, 16 нафари дигар бо ташаббуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳри Дубай баргардонда шуданд. Барои содир намудани ҷиноятҳои мансуб ба хариду фурӯши одамон 25 нафар дар ҷустуҷӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина бошад, дар ин робита зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар мақомоти прокуратура 22 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст. Тавре ошкор карда шуд, бештари ин намуди ҷиноятҳоро хариду фурӯши ноболиғон ташкил медиҳанд. Аксари ин гуна ҳодисаҳо тавассути фарзандхонӣ сурат мегиранд.  Касоне, ки фарзанд надоранд, кӯдакони навзодро ба хотири фарзандхонӣ аз соҳибашон, яъне модароне, ки дар ҳолатҳои номуайян таваллуд кардаанд, соҳиб мешаванд. Як миқдор маблағ бо мақсади харҷи нигоҳубини кӯдакон ба модарони онҳо низ дода мешавад.

Қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ки хариду фурӯши ноболиғон, сарфи назар аз тарзу усули он, ҷиноят ҳисобида мешавад. Мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Дар шаш моҳ шаш ҳолати хариду фурӯши ноболиғон ба қайд гирифта, парвандаҳои ҷиноятӣ барои баррасӣ ба судҳо ирсол шудаанд.

Дар чунин ҳолат дараҷаи ҷазо бояд тағйир дода шавад.

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ лозим аст, ки ҷазои нисбатан сабук пешбинӣ шавад, то ки тарбияи минбаъдаи тифли навзод дар доираи қонун муқаррар гардад. Чунин тифлон ба кӯдакистон дода мешаванд ва хоҳишмандон метавонанд дар асоси талаботи меъёри қонунгузорӣ кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул намоянд.

Салимзода Шерхони Одина дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки давоми шаш моҳи соли равон нуҳ парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба хариду фурӯши одамон оғоз карда шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамаи ҳолатҳои хариду фурӯши одамон аз ҷониби шаҳрвандони мо якҷоя бо шаҳрвандони хориҷӣ – Федератсияи Россия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб содир мешаванд. Амалҳои хариду фурӯши одамон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд. Ҷабрдидаҳо баъди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ариза муроҷиат менамоянд.

Дар асоси чунин шикоятҳо вобаста ба хариду фурӯши одамон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз мешаванд.

Таҳлил ва муқоисаи вазъи ҷиноӣ оид ба хариду фурӯши одамон шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷинояткорон бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз ҷазо тарзу усул ва механизмҳои нави содиркунии ҷиноятро дар фаъолияти худ истифода мебаранд.

Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқу озходиҳои инсон меъёрҳои қонунгузорӣ такмил дода шаванд.

Бо ин мақсад буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардид. Зарурати қабули қонуни нав аз он хусус ба миён омад, ки намуд ва доираи муносибатҳои ғайриқонунӣ бо одамон на танҳо дар шакли хариду фурӯш, балки дар шаклҳои дигар ба вуҷуд омада, аз танзими қонуни амалкунанда берун мондаанд.

Дар қонуни нав мафҳуми «қурбонии савдои одамон» омадааст, то ки манфиатҳои ҳамаи шахсон таҳти ҳимояи қонун қарор гирад. Қонун субъектҳои бевоситаи амалкунанда, яъне мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои давлатиро ҳамчун субъектҳои амалкунандаи муқовимат ба савдои одамон ба танзим медарорад. Дар ин қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расондани кумак ва тавонбахшии онҳо нишон дода шудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 таҳти №100 «Қоидаҳои таъсиси марказҳои дастгирӣ ва кумак ба ҷабрдидагони савдои одамон» тасдиқ шудааст. Мувофиқи ин санад дар ҷумҳурӣ якчанд марказҳои дастгирӣ ва кумак ба ҷабрдидагони савдои одамон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд таъсис ёфтаанд. Дар ин марказҳо ба занону духтароне, ки қурбони хушунат, истисмор ва савдои одамон гардида ё дар хатари он қарор доранд, кумак расонда мешавад.

Ин гуна амали нангин, яъне хариду фурӯши одамон ба хусусият, урфу одатҳои миллии халқи мо бегона аст. Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 июли соли 2014) бо нигаронӣ таъкид дошта буд: «Таърихи миллати соҳибтамаддуни мо ягон вақт ҳодисаи аз ҷониби ҷавонмардони худ ба хориҷа бурда, фурӯхтани зани тоҷикро ёд надорад». Аз ин рӯ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки бо қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» муборизаро бар зидди ин зуҳуроти нангин ва барои миллати мо бегона пурзӯр намоянд.

А МӮСОЕВ, «Садои мардум»