Шавкат Мирзиёев Президенти Ӯзбекистон интихоб шуд

№132 (4394) 26.10.2021

24310Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябри соли 2021 доир гардид, номзад аз Ҳизби либерал — демократ Шавкат Мирзиёев бо касби 80,1 фоизи раъйи интихобкунандагон бори дигар Президенти Ӯзбекистон интихоб шуд.

Бино ба ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, номзадҳои дигар Мақсуда Ворисова аз Ҳизби халқӣ — демократӣ 6,6%, Алишер Қодиров аз ҳизби «Миллий тикланиш» 5,5, Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби экологӣ 4,1 ва Баҳром Абдуҳалимов аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» 3,4% овоз гирифтанд.

Дар робита ба ин маъракаи сиёсӣ ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонн Маҳмадалӣ Ватанзода чунин ибрози андеша намуд:

- Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ошкоро, демократӣ ва шаффоф баргузор шуд. Дар ҷараёни мониторинги дарозмуддат қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ таҳлил шуда, коршиносон ба хулоса омаданд, ки он ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Омодагии раисон ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ низ ба таври муташаккилона ва дар сатҳи баланд қарор дошт. Нозирони байналмилалӣ аз АБ ИДМ на танҳо дар Тошканд ва минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, балки дар 14 давлати ҷаҳон аз ҷумла, Озарбойҷон (Боку), Беларус (Минск), Қазоқис­тон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек), Россия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Ростови лаби Дон), Тоҷикистон (Душанбе), Белгия (Брюссел), Британияи Кабир (Лондон), Италия (Рим), Чин (Пекин), Латвия (Рига), Туркия (Анқара), Олмон (Берлин, Франкфурти лаби Майн) ва Фаронса (Париж)  раванди интихоботро назорат карданд.

Таҷҳизоти техникӣ, дастгирии иттилоотии интихобот, инчунин инъикоси васеи маъракаи интихобот дар ВАО низ хуб ба роҳ монда шуда, барои ҳайати нозирони ИДМ ҳама имкону шароит фароҳам оварда шуда, маълумоти зарурӣ дастрас буд.

Иштироки панҷ номзад дар интихобот аз рақобатпазирии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳодат медод. Барои номзадҳо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, ҳам аз ҷиҳати маблағгузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати фароҳам сохтани имконот, барои пешбурди маъракаи пешазинтихоботӣ шароити баробар муҳайё гардид.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 54 қитъаи интихоботӣ дар 38 кишвари ҷаҳон кушода шуда, илова бар ин, беш аз 300 нуқтаи сайёр барои овоздиҳии пеш аз муҳлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷойҳои иқоматашон дар хориҷа ташкил гардид.