Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили 3000 — солагии Ҳисор

№110 (3411) 17.08.2015

Hisor214 августи соли 2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  дар ноҳияи Ҳисор бо рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор шинос шуд.

Дар иншооти асосии ҷашнӣ, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, корҳои навсозию сохтмон ва таъмиру таҷдид дар марҳилаи анҷомёбӣ  қарор  дошта, дар  ду канори роҳи марказии ноҳия, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ, осорхонаю  китобхона,  қасри фарҳанг ва мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор  асосан корҳои таъмини иншоот бо барқу об  ва корҳои ороишию ободонӣ боқӣ  мондаанд. Тибқи дастури Сарвазири мамлакат дар иншооти номбурда то рӯзҳои наздик ба ҷашн корҳои боқимонда бояд пурра ба анҷом расонида шаванд.

Хотиррасон бояд кард, ки барои беҳдошти шароити некуаҳволии мардум ва ба шаҳри наву замонавӣ табдил додани Ҳисори бостонӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 иншооти хурду бузурги хизматрасонӣ,  энергетикӣ,  обу корезӣ,  маорифу  тандурустӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо аллакай мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  гирифтаанд. Дар иншооти дигар корҳои пешбинишуда дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар деҳоти «Шарора»-и ноҳия Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти корхонаи навбунёди хиштбарории «Корвони аср» шинос шуд, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст. Иқтидори  лоиҳавии  корхона ба истеҳсоли 45 миллион  дона хишт  дар як сол баробар буда, дар он 80 нафар аҳолии таҳҷойӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин шудаанд.

Дар доираи ҳидоят ва  иқдомҳои созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳибмулки ин корхона барои бунёди як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар як баст дар деҳаи Уртабузи деҳоти «Шарора»-и ноҳия низ иқдом гирифта буд. Худи ҳамон рӯз дар ҳузури ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000- солагии Ҳисор корҳои бунёди мактаби нав шурӯъ карда шуд. Зимни шиносоӣ бо навсозӣ ва таъмиру таҷдиди мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор, ки аз лоиҳаҳои асосии таҷлили ҷашни 3000-солагӣ маҳсуб меёбад, масъулини идораҳои паймонкорӣ ба иҷрои босифати корҳои навсозӣ ва таъмиру  таҷдид бо дарназардошти пешниҳодҳои таърихнигорону бостоншиносон ва риояи санъати меъмории замони бунёди қалъа вазифадор карда шуданд. Ҳамчунин дар  ҷаласаи ситоди Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор — аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ барои анҷоми босифати корҳои боқимондаи сохтмони чойхона, корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва равшаннамоии иншооти ҷашнӣ ва  канори роҳҳои марказию маҳаллии  ноҳия, бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кӯтоҳ ва дар сатҳи баланд омода кардани барномаи фарҳангии ҷашнӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд.

АМИТ «Ховар»