Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин иқдомҳои Ҳукумати конститутсионӣ таъсис додани қисми ҳарбии 3571 (бригадаи таъиноти махсус) дар назди Вазорати корҳои дохилӣ буд. Январи соли 1995 дар заминаи он Гвардияи Президент таъсис ёфт, ки январи соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Гвардияи миллӣ зери роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар сохторҳои қудратӣ, барои нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ, амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Афсарону аскарони он вазифаҳои хизматиро сарбаландона иҷро карда, дар лаҳзаҳои душвору тақдирсоз бо ҷасорату мардонагӣ садоқати худро ба Президент ва Ватан нишон додаанд.
Афсарон ва сарбозони Гвардияи миллӣ имрӯзҳо дар таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистон, ҳифзи иншооти махсусан муҳими давлатӣ, иштирок ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, ки аз қабили вазифаҳои асосии онҳо мебошад, саҳми сазовор мегузоранд. Иҷрои ин вазифаҳо масъулияти зиёдро талаб мекунад, вале барои ҳар як афсару сарбози Гвардияи миллӣ ниҳояти ифтихору сарбаландӣ аст, ки сазовори чунин эътимоду боварӣ гардидааст.
Фаъолияти Гвардияи миллӣ зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз лиҳози моддиву молиявӣ пайваста дастгирӣ меёбад. Тибқи маълумотномае, ки аз маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллӣ дастрас гардид, дар қисмҳои ҳарбии он шароити мусоиди хизмат ва заминаи хуби таълимӣ фароҳам оварда шудааст, ки барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, дар Маркази тайёрии кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ синфхонаҳои муҷаҳҳази фанниву компютерӣ, майдончаҳои тактикӣ, муҳандисӣ ва варзишӣ мавҷуданд ва мураббиён, ки аз ҳисоби ҳарбиёни собиқадор таъин шудаанд, соҳиби таҷрибаи кофӣ мебошанд.
Ҳар сол Маркази тайёрии кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Гвардияро садҳо мутахассиси хурди техникӣ, алоқа, тайёрии махсус, сержантҳо, прапоршику афсарони ҷавон хатм мекунанд ва баҳри идомаи хизмат ба ҷузъу томҳо фиристода мешаванд. Барои сайқал додани маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ машқгоҳҳои саҳроӣ низ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб дар Гвардия Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият менамояд, ки бо шароит ва воситаҳои муосири таълим таъмин мебошад.
Сафҳои Гвардияи миллӣ аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мегардад. Афсарон донишу маҳорати касбиро дар муассисаҳои ҳарбии хориҷи кишвар низ такмил медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки мавқеи ҳар як сохтори низомиро дараҷаи омодабошии ҷангӣ, таъминоти аслиҳаву техника, интизом ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ муайян мекунад. Ҳайати шахсӣ, ба ғайр аз машқҳои саҳроӣ, чорабинӣ ва машғулиятҳои гуногуни ҳарбие, ки дар Гвардия доир мегарданд, ҳар сол дар асоси ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар машқҳои тактикӣ, тамринҳои муштараки таълимӣ, ҷиҳати омодабошӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, қобилияту дониши касбиро такмил медиҳад. Аз ҷумла, дар самти ҳифзу ҳимояи марзу бум ва таъмини амнияти кишвар Гвардия бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҷузъу томҳои он дар машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ ва васеи низомӣ, ки ҳар сол якҷоя бо Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегарданд, фаъолона ширкат меварзанд.
Дастоварду муваффақиятҳои Гвардияи миллӣ дар натиҷаи хизмати пурсамар ва шоистаи ҳайати шахсӣ ва аз ҳама муҳим, садоқат ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст.
Таҳияи Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»