Шукр гӯйӣ, неъматат афзун шавад…

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ, ки бо номи Низомулкмулк машҳур аст, дар фасли аввали китоби «Сиёсатнома»-и хеш овардааст:

«Эзиди субҳонаҳу ва таъоло дар ҳар асрею рӯзгоре якеро аз миёни халқ баргузинад ва ӯро ба ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста гардонад ва масолеҳи ҷаҳону ороми бандагонро бад-ӯ бозбандад ва дари фасоду ошӯб бар ӯ баста гардонад ва имзову ҳашмати ӯ дар қулубу уюни халоиқ бигустаронад, то мардумон дар сояи адлу паноҳи риояти ӯ рӯзгор мегузаронанд ва эмин ҳамебошанд ва бақои давлати ӯ ҳамехоҳанд…».

Агар ба андешаҳои Низомулмулк бо чашми хирад нигарем, хоҳем дид, ки имрӯз низ андарзи ӯ аҳамияти худро гум накардааст ва метавонад барои мардуми солимақл ва пойдории кишвари мо хизмат намояд.

Чун ба саҳифаҳои таърих хубтар назар афканем, бешак дарк мекунем, ки давоми беш аз ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлати мустақил набудаанд. Дар ин муддат аҷдоди мо натавонистаанд, ки барои амалӣ намудани ормонҳои миллӣ кореро ба сомон расонанд.

Давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки дар гузаштаи на чандон дур тӯли ҳафтод сол арзи ҳастӣ кард, корҳои хайре барои миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон анҷом дод, аммо Тоҷикистон дар он даврон мустақил набуд ва наметавонист озодона кореро анҷом диҳад. Ҳатто барои сохмони як бинои муҳташам иҷозатномаи Москва лозим буд, барои таъини кадрҳо ба вазифаҳои баланд ризоияти Москва лозим буд.

Мақсад аз ин муқаддима чист? Мехостем хонандагони рӯзнома хуб дарк кунанд, ки баъди як ҳазорсола мо — тоҷикон соҳиби давлати мухтор шудем ва ин давлат бо номи миллати мо арзи ҳастӣ дорад. Тӯли 24 соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди он қадар дастоварду комёбиҳо гардидем, ки давоми 70 соли гузашта насибамон нашуда буд. Ҳамаи ин самараи озодии давлат ва миллат аст. Мо бояд шукронаи ин неъмати Худододаро намоем ва пиру барно бо тамоми ҳастӣ аз хокдони бобоии хеш нигаҳбонӣ кунем. Имконият надиҳем, ки бегонае ва ё бегонапарасте бо чашми бад ба марзу буми кишвари зебои мо нигараду бо нияти нопок қадам ба ин хоки  муқаддас гузорад.

Бузурге фармудааст:

Шукр гӯйӣ, неъматат афзун шавад,

В-ар нагӯйӣ, аз кафат берун шавад.

Шукрона, ки Парвардигор файзу раҳматашро болои кишвари мо рехт ва ба қавли Низомулмулк «якеро аз миёни халқ баргузид ва ӯро бо ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста гардонд,… то мардумон дар сояи адлу паноҳи риояти ӯ рӯзгор мегузаронанд ва эмин ҳамебошанд ва бақои давлати ӯ ҳамехоҳанд…». Худованд дар шахси Эмомалӣ Раҳмон ба мо Сарвареро фиристод, ки воқеан ҳам аз «ҳама ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста» аст. Ҳидояти ҳамин ҷавонмард буд, ки  мардуми бонангу ори тоҷик пайи ободӣ камари ҳиммат баст.

Аммо душманони миллати мо ҳанӯз ноумед нестанд. Аз асп фаромада бошанд ҳам, по аз рикоб нагирифтаанд. Аз воситаҳои ахбори хориҷӣ гоҳҳо бадгӯйии онҳоро мешунавем. Ҷавонони содаву бетаҷрибаро ба доми худ гирифтор карда, мехоҳанд бо ҳар восита ба мулки биҳиштосои мо хисороте расонанд. Хоса дар ин даврон, ки саросари ҷаҳон ноором аст ва буҳрони иқтисодӣ ба ҳамаи кишварҳои олам таъсир кардааст, душманони миллати мо «серкортар» гаштаанд. Яъне, давроне омадааст, ки аз мардуми соҳибтамаддуни мо зиракию ҳушёриро тақозо менамояд. Ҳодисаҳои охири ҷумҳурӣ гувоҳи дурустии фикри мост.

Мо вазифадор ҳастем, ки аз дилу ҷон, бо гуфтору амали нек шукронаи неъмати соҳибистиқлолиро намоем. Шукрона кунем, ки Роҳбари давлати моро Худованд бо тамоми хислатҳои неки инсонӣ ороста гардондааст. Дар ин робита зарур аст, ки дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ хубтар ба роҳ монда шавад. Ҷавонони бонангу ори мо низ метавонанд барои амалӣ гардидани ин нияти нек ба насли калонсол ёрӣ расонанд.

Шокиронро дӯст медорад Худо,

Носипосонро диҳад охир ҷазо.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»