Аз фаъолияти ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қӯшунҳои зудамал муҳофизи боэътимоди кишваранд

№14 (3160) 11.02.2014

Полковник Холбоев А - Муовини фармондех оид ба кор бо хайати шахсиБарои амнияти давлат ва иқтидори мудофиавии он навъҳои гуногуни Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои низомии таъиноти махсус ташкил гардидаанд, ки онҳо баҳри  ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлоламон равона гардидаанд.

Дар ин робита хабарнигорамон бо муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор бо ҳайати шахсӣ полковник Абдурашид Холбоев суҳбат намуд.

-Мақсади асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва дар маҷмӯъ боз ҳам сайқал додани маҳорати ҷангии Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Тӯли даҳ соли таъсисёбии хеш Қӯшунҳои зудамал якҷо бо дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар машқҳои муштарак бо низомиёни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Фаронса ва Ҳиндустон доир намуда, таҷрибаи ҷангии хешро пайваста такомул медиҳанд.

Умуман, барои сайқали таҷриба, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамал аз рӯйи барномаи махсуси мудофиавӣ  таълим мегиранд,- гуфт полковник Абдурашид Холбоев.

Қариб 80 фоизи ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамалро афсарони дорои маълумоти олии касбӣ ташкил медиҳанд. Мутобиқи фармони вазири мудофиаи мамлакат дар қисмҳои ҳарбӣ оиди тарбияи кадрҳои ҷавон шӯрои устодон аз ҳисоби афсарони пуртаҷриба амал менамояд, ки онҳо ба афсарони ҷавон нозукиҳои хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаро меомӯзонанд.

Якумин қисми ҳарбие, ки  дар солҳои аввали таъсисёбии Қӯшунҳои зудамал ба фаъолият оғоз кардааст, баталиони десантии ҳамлаовар ба шумор меравад. Он солҳо, ки заминаи моддӣ – техникӣ ва кадрҳои зарурӣ намерасиданд, бунёди баталиони десантӣ кори саҳл набуд.

Дар заминаи ин баталион мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 сентябри соли 1998 Бригадаи алоҳида таъсис дода шуда, ба он якчанд баталионҳо шомил гаштанд, ки имрӯз дар маҳалҳои таъиншуда доир ба ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодаанд.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои зудамал дар ҳамаи машқҳои ҳарбии тактикие, ки дар ҷумҳурӣ мегузаранд, фаъолона ширкат намуда, давра ба давра омодагии касбӣ ва маҳорату малакаи худро баланд мебардоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҳарбии мамлакатҳои хориҷӣ дар ин машқҳо иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати иштирокдорони  машқҳои ҳарбӣ баҳои баланд доданд.

Айни замон ду баталиони десантии кӯҳии Қӯшунҳои зудамал ба ҳайати Қувваҳои муштараки зудамали Осиёи Марказӣ шомил гашта, тибқи барномаи махсуси омодагии ҷангӣ таълим дода мешаванд. Онҳо дар ҳайати ин Қувваҳои муштараки зудамал аллакай якчанд маротиба дар машқҳои таълимии низомӣ иштирок намуданд.

Аввали соли 2005 машқҳои муштараки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва баъдтар, моҳи декабри ҳамон сол, дар дараи Ромит машқҳои тактикӣ – ротавии Бригадаи мазкур гузаронида шуд, ки роҳбарии онро сардори Ситоди Бригада подполковник Тоҳир Хайруллоев ба уҳда дошт.

Соли 2006 мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки ҷузъу томҳои ин давлатҳо машқҳои муштараки ситодӣ – фармондеҳии «Сипари ҷанубии Иттиҳод — 2006», «Марз — 2006», ҳамон сол машқҳои муштарак бо иштироки хизматчиёни Артиши озодихоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой доир гашт. Гузаронидани чунин машқҳо то ҳол мувофиқи дурнамо идома доранд.

Машқҳои ҳарбӣ агар санҷиши омодабошӣ дар пешбурди амалиётҳои зиддитеррористӣ як навъ таҷрибаомӯзӣ бошад, аз ҷониби дигар, баргузории ин чорабиниҳо дараҷаи ҳамбастагӣ, омодагии онҳоро нишон дода, барои ҳамкорӣ, нигоҳдории сулҳу субот, оромии минтақа, вокуниши фаврӣ барои зада гардонидани ҳама гуна ҳамлаи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, ки мехоҳанд  ҳаёти осоиштаро халалдор намоянд, мусоидат мекунад.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар Раёсати Қӯшунҳои зудамал афсарони ботаҷрибаву кордон дар ҳама шуъба ва хадамот хизмати арзандаю содиқона менамоянд.

Полковник Абдурашид Холбоев дар идомаи суҳбат гуфт, ки тӯли солҳои сипаришуда ҷиҳати эътино намудан ба тағйирот ва вокуниши саривақтӣ, саҳми афсарони самти фаврӣ зиёд мебошад. Хусусияти Қӯшун аз он иборат мебошад, ки ҳангоми гирифтани супориш он бояд фавран омода шуда, ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаашгузошта шурӯъ намояд ва онро муваффақона анҷом диҳад. Иҷрои чунин корҳо тайёрии пухта ва маҳорати касбии афсаронро талаб менамояд. Афсарон -полковник Фаррух Убайев, полковник Нуриддин Сатторов, майор Ғолибшо Ғарибов, капитан Темур Сироҷиддинов бо масъулияти баланди касбӣ иҷрои вазифа менамоянд. Ҳамаи афсарони зикршуда дорои маълумоти олии ҳарбӣ буда, таҷрибаи бойи корбарӣ доранд.

Тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ бо давлатҳои ИДМ дар доираи Созишномаи Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ роҳбарияти Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти идораи қӯшунҳо, сохтор ва воҳидҳои ҳарбии моро бобати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва интизоми қатъии ҳарбии ҳайати шахсӣ, такмили усул ва тарзи анҷом додани амалиёти умумиқӯшунӣ дар набарди мудофиавӣ ва дар сатҳи олӣ ҳамоҳанг кардани артиши Тоҷикистон бо неруҳои ҳарбии иттифоқчиён, ба масъулияти ҷиддӣ водор мекунад.

Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои зудамал давоми соли охир дар машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар давраи аз 11 то 29 октябри соли 2010 дар машқгоҳи 255-уми умумиқӯшунии ҳавзаи марказӣ- ҳарбии Федератсияи Россия, машқҳои муштараки ситодӣ-фармондеҳии зиддитеррористӣ -«Норак-антитеррор-2009» дар давраи 17 то 19 апрели соли 2009 бо иштироки мақомоти сохторҳои махсуси давлатҳои аъзои СҲШ, ҷузъу томҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия, инчунин ҷузъу томҳои десантӣ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи низомии  «Фахробод», машқгоҳи Матибулоқи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қазоқистон, машқҳои ҳарбии муштараки зиддитеррористии «Сафири сулҳҷӯй-2010» иштироки фаъол доштанд.

Қувваи асосии Қӯшунҳои зудамал Бригадаи ҳамлаовари десантӣ мебошад, ки дар ибтидои таъсисёбӣ ҳамчун Баталиони алоҳидаи ҳуҷумкунандаи десантӣ амал мекард.

Баталиони зикршуда 25 сентябри соли 1997 дар асоси дастури вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Он яке аз баталионҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳ буда, барои иҷрои вазифаҳои махсусан муҳими ҷангӣ таъин шуда, амалиётҳои гуногуну пурхатарро дар ҳама шароит иҷро мекард.

Ҳанӯз дар давраҳои аввали ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҷиҳати нарасидани кадрҳои варзида норасоӣ ҳис карда мешуд. Барои ҳамин дар давраҳои аввал теъдоди зиёди ҷавонон ба мамлакатҳои гуногун барои сабақомӯзӣ фиристода мешуданд. Бояд зикр намуд, ки 12 нафар ҷавононе, ки дар соли 1993 барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи олии десантии шаҳри Рязани Федератсияи Россия фиристода шуда буданд, онро хатм намуда, асоси баталиони десантиро ташкил доданд.

Дар заминаи ин баталион мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 сентябри соли 1998 оид ба бунёди Қувваҳои мусаллаҳ ва дастури вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1999  фармон дар бораи ташкили Бригадаи алоҳида ба имзо расид.

Бригада дар бисёр машқҳои тактикӣ фаъолона иштирок кардааст. Масалан, соли 1998 машқҳои муштараки давлатҳои аъзои ИДМ «Сипари ҷанубӣ»,  моҳи августи соли 2000-ум ҷаҳиши муштарак бо парашют аз тайёраҳои ҳарбии Ҳиндустон бо ҳамроҳии десантчиёни ҳиндӣ дар пойгоҳи низомии  «Фахробод» гузаронида шуданд.

Дар вилояти Суғд машқҳои муштараки «Ҳамоҳангии минтақавӣ-2012» баргузор шуд. Дар ин машқҳо гурӯҳҳои амалиётӣ ва намояндагони низомии Қувваҳои мусаллаҳи панҷ давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ИМА ширкат намуданд.

Азбаски 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, баланд бардоштани омодагии ҷангии кӯҳӣ яке аз вазифаҳои асосии десантчиён ба ҳисоб меравад. Амалиётҳои ҷангӣ дар шароити кӯҳсор, албатта, нозукиҳои хоси худро дорад. Барои ин бояд, пеш аз ҳама, омодагии хуби ҷисмонӣ доштан, чустучолок, ҳушёр будан, тариқи гузаштан аз мавзеи мушкилгузарро хуб донистан зарур аст.

-Бояд зикр намоям, -мегӯяд дар идомаи суҳбат полковник Абдурашид Холбоев — айни замон ду баталиони десантии кӯҳӣ ба ҳайати Қувваҳои муштараки зудамали Осиёи Марказӣ шомил гашта, тибқи барномаи махсуси омодагии ҷангӣ таълим дода мешаванд. Онҳо дар ҳайати ин Қувваҳои муштараки зудамал чандин маротиба дар машқҳои таълимии низомӣ иштирок намуданд.

Моҳи августи соли 2006-ум машқҳои муштараки «Марз — 2006» дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар пойгоҳи низомии «Фахробод» машқҳои фаврӣ – ситодӣ барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои муташаккилона ва терроризм доир гашт, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти он назорат намуд.

Бояд зикр намуд, ки барои интизоми хуби ҳарбӣ ва омодагии баланди ҷангӣ Бригадаи мазкур ду маротиба (солҳои 1999 ва 2000) ғолиб омада, сазовори Байрақи сайёри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Дар ҳайати Қӯшунҳои зудамал ҷузъу томҳо вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Чунончӣ, Баталиони сулҳҷӯёна ҷавонтарин қисми ҳарбӣ ба шумор рафта,  13 сентябри соли 2010 мувофиқи дастури вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Ҳайати афсарони роҳбарикунандаи ин баталион ҳамчун беҳтарин дар соҳаи ихтисоси касбиашон дониста мешаванд. Онҳо аз мутахассисони тайёрнамудаи муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аввалин хатмкардагони Академияи ҳарбии Ҳиндустон, ки донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ мебошанд, интихоб гардида, ба вазифаҳои масъулиятнок таъин шудаанд.

Ин баталион аз ротаи таъиноти махсус,  дастгирии оташфишонӣ, таъиноти махсуси амалиётҳои ҷангӣ ва взводи алоҳидаи таъминотӣ иборат мебошад. Мутахассисони ИМА барои афсарони хизматчиёни ҳарбӣ курсҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат ташкил намуда, машғулиятҳои таълимиро ба роҳ мондаанд.

Мувофиқи талаботи замони муосир дар асоси дастури вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2012 бо мақсади такмили техникии Қӯшун полки муҳандисӣ- техникӣ таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин полк аз минаҳо пок сохтани қаламрави ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯз аст.

Аз соли 2003 инҷониб ба ин сохтор зиёда аз 120 нафар афсарон ва сарбозон — сапёрҳо барои адои вазифа шомил шудаанд. Бо кумаки онҳо ҳазорҳо маводи таркандаи хатарнок дар минтақаҳо ҷамъоварӣ ва безарар гардонида шудааст.

Бо роҳбарии афсарони пуртаҷриба  генерал- майор Абдуқаҳҳор Сатторов ва дигарон супоришҳои душвор, ки ба ҳаёти афсарон ва сарбозон хатарнок буд, моҳирона ба анҷом расонида шуданд. Дар ин давра минтақаҳои Тавилдара, Шаҳритуз, Даштиҷум, кони тиллои Шугнов, Ванҷ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мина тоза карда, дар бартараф намудани офати табиии ноҳияҳои Айнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шаҳри Панҷакент кумак  расонида шуд. Ба ғайр аз кори безараргардонии минаҳо қисми ҳарбии мазкур дар бартарафкунӣ ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ фаъолона иштирок мекунад.

Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор бо ҳайати шахсӣ полковник Абдурашид Холбоев дар охири суҳбат зикр намуд, ки маҳз дар заминаи риояи талаботи қонуният ва оинномаҳо метавонем аз боби низому тартиб дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сухан гӯем ва ба пуриқтидории қӯшун ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, обру ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ баҳо диҳем.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»