Соҳиби шаън ва ифтихори диёр

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

1Деҳаи Янгибоғи деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода аз гӯшаҳои маъруфи диёри номдорамон маҳсуб ёфта, онро фарзандони меҳнатқарину обрӯманд, бонангу ор ва қавииродааш машҳури кишвар ва берун аз он намудаанд. Номи деҳқонони асил – Ҳоҷӣ Камол  Мадумаров (рӯҳаш шод  бод) ва Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, ки фарзандони ҳамин деҳаанд, вирди забонҳост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба шаҳри Турсунзода борҳо ба деҳаи Янгибоғ ташриф оварда, бо сокинони он суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

- Ҳоҷӣ Камол ва Ҳоҷӣ Неъмат дӯс­тони наздики ман  мебошанд. Биноан, ҳар гоҳе ба шаҳри Турсунзода ба сафари корӣ оям, ҳатман вақт ёфта, барои дидорбинӣ бо онҳо вақт ҷудо мекунам, зеро дуою фотеҳаи ин пирони кору рӯзгор ва барнодил, устодони  соҳаи боғдории мамлакат баракат дар кор меафзояд, — иброз доштанд Пешвои миллат зимни яке аз сафарҳояшон ба шаҳри Турсунзода.

Соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кӯча, деҳа, шаҳрак, ноҳия  ва шаҳр» эълон гардида, деҳаи Янгибоғ шоҳҷоизаи озмунро  низ ба даст овард.

Чанде пеш бо мақсади огоҳӣ аз наб­зи рӯзгори сокинони беҳтарин деҳаи ҷумҳурӣ ба он ҷо сафар кардам.

Дар маркази деҳа, назди бинои маъмурии хоҷагии деҳқонии «Неъмат Усмонов»,  аз нақлиёт поён ва дохили бино шудам. Дар ҳуҷра ду нафар машғули кор буданд. Аз мақсади омаданам хабардор шуда, ба раиси маҳалла занг заданд.

Чанде нагузашта назди идораи хоҷагӣ трактор таваққуф  карду аз паси чанбари он шахсе поён омад. Ӯ низ маро  дидан замон табассум дар лаб сӯям қадам монд.

Шахси чеҳрааш бароям  ошно Искандар Назаров, раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Янгибоғ будааст.

- Шуморо шинохтам, акаи Абдумаҷид, ёд оред солҳои котиби ташкилоти комсомолии Раёсати сохтмонии «Алюминсохтмон» буданатонро. Ҳамон солҳо ман нав ба кор омада будам. Бисту се сол дар қитъаи панҷуми «Алюминсохтмон» ба сифати коргар, усто, прораб ва сардори қитъа кор карда, бо сабаби беморӣ ба нафақа баромадам ва ба деҳқонӣ машғулам. Ҳашт сол пеш раиси пештараи кумитаи маҳалла бо хоҳиши худ аз вазифа истеъфо доданд ва дар ҳамон маҷлис Ҳоҷӣ Камол (равонашон  шод бод) аз ман хоҳиш карданд, ки ақаллан як сол иҷрои ин вазифаро  ба зимма гирам. Инак, як сол ба ҳашт сол тӯл кашид, — ба суҳбатамон оғоз кард Искандар ва чанд сухан аз хусуси деҳаашон ба забон овард:

- Янгибоғ аз 417 хоҷагӣ иборат буда, дар он беш аз 2300 нафар зиндагӣ мекунанд. Аксарияти аҳолии қобили меҳнати деҳа саҳмдори ду хоҷагии калон – «Боғи Сомон», «Неъмат ҳоҷӣ»  ва панҷ хоҷагии хурди дигари деҳқонӣ ба нигоҳубини боғот ва парвариши ангур машғуланд. Ангури боғоти мо маъруф бо номҳои ҳусайнии сафед, сиёҳ, «Ангушти бонувон», «Ғалаба», «Шоҳона», «Президент», «Кардинал», «Кишмиши сиёҳ», «Кетмандаста», «Қорагузал» бо таъми лазиз дар дохил ва берун аз ҷумҳуриамон  талабгори зиёд доранд.

Дар гирду атрофи деҳаи мо умуман замини лалмӣ мавҷуд нест. Ба ҳама қитъаҳои бе об тавассути насосҳо об бароварда шуда, ба боғоти ангур табдил ёфтаанд.

- Шаш сол пеш, ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Янгибоғ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин деҳа», ҳамчунин, сазовори шоҳҷоизаи озмун гардид. Аз назари шумо кадом омилҳо ба он мусоидат карданд? Бовариатон  комил аст, ки агар имсол ҳам  чунин озмун баргузор мегардид, деҳаи шумо аз шумули беҳтаринҳо дониста мешуд? – мепурсам  аз раиси  маҳалла.

- Мехоҳам посухро аз ҷавоб ба қисмати охири саволатон шурӯъ намоям. Дар шаш соли охир дар шаҳрамон озмуни «Беҳтарин деҳа» гузаронида мешавад ва тамоми ин солҳо Янгибоғ беҳтарин деҳаи шаҳри Турсунзода эътироф гардида, сазовори ҷоизаҳо, аз ҷумла, автомашинаи сабукрав шуд ва мо ҳамдеҳаҳо аз ин ифтихор мекунем.

Муваффақиятҳои мо аз файзу баракати  истиқлолият ва   меҳнати софдилонаю садоқатмандона аст. Дар Янгибоғ ягон шахси бекор  нест. Шахсони қобили меҳнат аз субҳи содиқ то фарорасии шом дохили боғоти ангур, замини президентӣ ё қитъаи замини наздиҳавлигӣ машғули коранд.

«Деҳқонӣ таътил надорад», — мегӯянд, ки рост аст. Шурӯъ аз моҳҳои январу феврал  кор дар боғоти ангур шурӯъ шуда, то охирҳои моҳи ноябр, яъне, то ба охир расидани ҷамъоварии ҳосил, идома меёбад. Мо аз Пешвои миллат сипосгузорем, ки бо ду фармонашон дар бораи ҷудо кардани қитъа­ҳои замин сокинони деҳотро дастгирӣ намуданд. Сокинони деҳаи мо, дар маҷмӯъ, қариб 30 гектар замини президентӣ доранд ва дар давоми сол аз он ду ҳосили пурраи сабзавот, аз қабили бодирингу помидор, караму гулкарам, турбу шалғам, булғориву лаблабуи сурх  парвариш ва ҷамъоварӣ намуда, як қисми онро барои эҳтиёҷоти  хонаводаашон нигоҳ дошта, ҳиссаи  бештари дигарро ба бозор мебароранд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саҳмдорони алоҳида дар ҳудуди деҳот, аз ҷумла деҳаи мо, ҳамчунин, якчанд яхдон бунёд карда, аз ҳосили ҷамъоварда як қисмашро дар онҳо нигоҳ медоранд. Ангур дар давоми 6-8 моҳ  дар он бе гум кардани сифат нигоҳ дошта, барои фурӯш ба бозорҳо пешниҳод мешавад.

Як масъаларо махсусан таъкид карданиям: Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди  деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон, аз ҷумла деҳаи мо, беш аз 1500 нафар сокини маркази шаҳри Турсунзода, деҳоти дигари шаҳр ва ноҳияи Шаҳринав  дар паҳлуямон заҳмат мекашанд. Барояшон шароити зарурӣ фароҳам овардаем. Онҳо барои омадан ба ҷои кор  ва  бозгашт аз  техникаи хоҷагиҳо ройгон истифода мекунанд. Субҳона ва хӯроки нисфирӯзиашон аз ҳисоби хоҷагии деҳқонӣ ва саҳмдорон муҳайё гардида, ҳар рӯз дастмузд низ мегиранд.

Дар деҳа ба масъалаҳои иҷтимоӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Нахуст мехоҳам зикр намоям, ки дар деҳа се маъюби гурӯҳҳои I ва II зиндагӣ карда, бо кумакҳои гуногуни иҷтимоӣ пурра фаро гирифта шудаанд. Соҳибкорони деҳа ба оилаҳои камбизоати деҳаҳои дигари ҳудуди деҳот низ кумак мерасонанд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 -и деҳа, ки дар он 417 хонанда таҳсил намуда, 42 омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд, соли 1999 аз ҳисоби шахси барӯманду хайрхоҳи деҳа, деҳқони овозадор Ҳоҷӣ Камолиддин Мадумаров (рӯҳашон шод бод) бунёд шудааст. Дар пайравӣ ба пири кор се сол пеш аз ҳисоби сокинони маҳалла барои мактаб бо харҷи 450 ҳазор сомонӣ толори варзишии  замонавӣ бунёд кардем. Дар ҷавоб ба ин хонандагони муассисаи таълимӣ бо кӯшишу ғайрати дучанд дониш меандӯзанд. Чанде пеш ду хонандаи мактаб дар олимпиадаи ФИКО, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, аз фанни математика соҳиби ҷойҳои 2 ва 3 шуданд, ки шаҳодати гуфтаҳои болост.

Омӯзгорон ва шаш корманди техникии муассиса, аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо хӯроки ройгони нисфирӯзӣ  таъмин мебошанд. Илова бар ин, хоҷагӣ  ба муносибати иду ҷашнҳо ба онҳо орду равған тақсим карда, маблағ ҷудо менамояд.

Бунгоҳи тиббӣ, се мағоза, варзишгоҳи тобистона, сартарошхонаю нонвойхона ва ду чойхонаи  мавсимӣ  дар хизмати мардуманд. 4,5 километр роҳи дохили деҳа аз ҳисоби сокинони бонанги маҳалла пурра мумфарш гардид. Ҳатто роҳҳои сӯи боғоту заминҳои президентӣ тӯлкашида низ  мумфарш мебошанд.

Ҷӯйборҳои  аз назди ҳавлии сокинон гузаранда пурра бетонрезӣ шудаанд. Соли 2018 бо маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонии «Боғи Сомон», «Неъмат ҳоҷӣ», маҳалла ва кумаки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар деҳа пули нав мавриди истифода қарор гирифт.

Аз оби нӯшокӣ  танқисӣ  надорем. Ба ҳавлии ҳар як сокини деҳа лӯлаи об гузаронида шудааст. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки сокини деҳа Ҳоҷӣ Акрам Усмонов  аз ҳисоби худ ба 25 оила хати об гузаронид. Соҳибкорони Янгибоғ дар якчанд деҳаи дигар  низ барои сокинони онҳо нуқтаҳои оби нӯшокӣ бароварданд.

Аз канори деҳаи мо дарёи Қаратоғ ҷорист. Он айёми баҳорон  пуроб шуда, ба деҳа хавфи обхезӣ  таҳдид мекунад. Бо мақсади пешгирии офат бо иқдоми  шахси обрӯманди деҳа, Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дар масофаи 1700 метр соҳилмустаҳкамкунӣ шуд. Ҳамчунин, дарғот  бардошта шуда, дар 25 гектар аъзои хоҷагии деҳқонии «Неъмат ҳоҷӣ» шоликориро роҳандозӣ  намуданд.

Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки қариб ҳама хонаводаҳо трактори гуногунтамға доранд, ки дастёри  беминнаташон дар кори деҳқонӣ мебошад.

Профессори фахрии Донишгоҳи кишоварзии  Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, раиси хоҷагии  деҳқонии «Неъмат  ҳоҷӣ»  Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ба шахсони хоҳишманд боғбонӣ меомӯзад. Ба  шунавандаҳо  баъди хатми машғулиятҳо сертификат дода мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои бонувону ҷавондухтарони деҳа  курсҳои чеварӣ ва пазандагӣ ташкил намуда, барои онҳо стипендия низ муқаррар кардааст.

…Баъд аз суҳбат  бо раиси маҳалла сӯи боғоти ангур ва заминҳои президентии сокинони деҳ роҳ пеш гириф­тем. Роҳ аз миёни деҳа мегузарад. Биноҳои хуштарҳу замонавӣ, кӯчаҳои ободу зебо ба ҳусни деҳа афзудаанд. Дар токзор бо гурӯҳи саҳмдорон ва коргарони мавсимӣ вохӯрдем. Ҳама ба ҷамъоварии ангур машғул мебошанд. Суҳбаткунон бо раиси маҳалла ба яке аз қитъаҳои замини президентӣ расидем. Аз дидани манзара бинандаро завқ мебарад: чор нафар ба чидани бодиринги резкарда машғуланд, ҳамсояҳояшон гулкараму лаблабуи сурх ҷамъ меоранд, як қитъа он сӯтар ду нафар машғули обмонии караму қаламфури булғорӣ ва чидани помидори рангаш алвонии пухтарасида.

Шоҳиди он гардидам, ки падар ба писару набера чӣ тавр муносибат кардан бо ангурзорро меомӯзаду модар ба духтаронаш боэҳтиёт чидани бодирингу помидорро  ёд медиҳад, то ин ки навдаҳои серҳосил  зери по нашаванд. Бародари калонӣ ба хурдӣ боэҳтиёт ҷудо кардани гулкарамро аз пояаш нишон медиҳад.

Ба як маънӣ, насли ҷавон аз пирони кор таҷриба меандӯзанд, то ин ки пайравону  идомадиҳандаи кори неки падарону бобоёнашон бошанд, зеро онҳо аз меҳнати ҳалол шарафу обрӯ ёфта, деҳашон ба воситаи он Ватани маҳбубашонро, ба гӯшаи зебои диёри одамони наҷиб табдил додаанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»