Тақдими китоби «Тоҷикон» ба сокинони шаҳри Турсунзода

№60 (4322) 04.05.2021

28-уми апрели соли ҷорӣ зиёда аз 55 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун туҳфа аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода расид. 

Бино ба иттилои котиби матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Фирӯз Холиқов, якҷо бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадяҳоро аз номи Сарвари давлат ба сокинони шаҳр ва нуҳ деҳоти он расониданд.

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»