Myсоҳиба дар мавзӯи муҳим

Таъмини беҳдошти замин ва обёрӣ

№64 (3210) 17.06.2014

Мусоҳиба  бо муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонов

Абдулло Ҳабибуллоевич ҚурбоновАбдулло Ҳабибуллоевич Қурбонов 21 сол аст, ки дар соҳаи мелиоратсияи кишвар фаъолият менамояд. Хатмкардаи факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур. То муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш дар вазифаҳои масъули собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Роҷеъ ба фоидаоварии силсилаи пойгоҳҳои обкашӣ дар минтақаи Лоҳур тадқиқотҳои илмӣ — амалиро анҷом дода, дар ин замина рисолаеро омода кардааст.

- Таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадаф таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина истифодаи самараноки замин ва захираҳои об маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсис ёфт. Дар оғози суҳбат мехостем роҷеъ ба иқдомҳои аввалин ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ маълумот диҳед.

-Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 таҳти №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Он пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар намудани  ҳолати мелиоративии заминҳо, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозӣ ва нигаҳдории саддҳо, истифода ва нигоҳдошти объектҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи обро амалӣ менамояд. Сарварии Агентӣ ба зиммаи шахси   дар   ин  соҳа   таҷрибаандӯхта   ва   роҳбари  кордон  Ҳ. У. Ҳасанов  вогузошта  шудааст.

Қабл аз ҳама воҳидҳои сохтории  Дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои зертобеи Агентӣ ташкил шуда,  ба вазифаҳои роҳбарикунанда мутахассисони варзидаи соҳа ва ҷавонони болаёқат таъин гардиданд. Низомномаҳои раёсату шуъбаҳо ва Дастурамали вазифавии кормандони Дастгоҳи марказӣ ва низомномаҳои воҳидҳои сохтории Агентӣ  таҳия ва тасдиқ карда шуданд.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ ва зерсохторҳои он бо оби обёрӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ буда, бо мақсади муташаккилона гузаронидани мавсими обдиҳӣ, корҳои омодасозии шабакаҳои обёриро тибқи Нақшаи чорабиниҳои тирамоҳӣ-зимистонӣ ба роҳ монда, сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, тоза кардани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири иншооти гидротехникӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, дастгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳои амудӣ ва таҷҳизоти барқиро дар муҳлатҳои  муайянгардида ба анҷом  расониданд.

Бояд зикр намуд, ки дар мавсими имсола зерсохторҳои Агентӣ бо 13367 истифобарандагон, аз ҷумла 12838 хоҷагиҳои деҳқонӣ баҳри таъмини дастрасӣ ба об барои 518715 гектар замин шартнома бастанд.

Дар оғози мавсими обдиҳии имсола бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли қубурҳои баландфишори пластикии калонҳаҷм (аз 630 то 1200 мм) дар шаҳри Ваҳдат ба кор шурӯъ намуд, ки барои  иваз намудани қубурҳои фарсуда дар пойгоҳҳои обкашӣ ва дар ин замина беҳтар гардидани таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби обёрӣ  мусоидат хоҳад кард.

Мавсими обёрии имсола тавассути иншооти обёрии худҷорӣ аз  охирҳои моҳи март ва ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои обкашӣ аз 19 апрел оғоз гардид. Ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ тибқи дархости хоҷагиҳои кишоварзӣ аз 300 то 350 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва 90  адад чоҳҳои амудӣ бо харҷи шабонарӯзии аз 5 то 7,5 млн.кВт неруи барқ кор карда истодаанд.

Ба ҳолати 20 май ба истифодабарандагон, тибқи дархосташон, дар ҳаҷми 406,8 млн. метри мукааб об бо арзиши 6,8 млн. сомонӣ дода  шудааст. Ирригаторони ҷумҳурӣ азм доранд, обистифодабарандагонро дар ҳаҷми зарурӣ таъмин намоянд.

Дигар самти муҳими фаъолияти Агентӣ азхудкунии заминҳои нави обёришаванда маҳсуб меёбад. Соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ азхудкунии 290 гектар бо маблағи 2280 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла:

- сохтмони канал ва иншооти ёрирасон дар ноҳияи Тавилдара  барои азхудкунии 200 га замини нав бо маблағи 800 ҳазор сомонӣ;

- сохтмони қубури обгузар дар деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб барои азхудкунии 20 гектар замини нав бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ;

- сохтмони наҳр дар ноҳияи Шуғнон барои азхудкунии 50 гектар замини нав бо маблағи 800 ҳазор сомонӣ;

- сохтмони наҳр дар минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон барои азхудкунии 20 гектар замини нав бо маблағи 380 ҳазор сомонӣ.

Беҳтар гардонидани таъминоти заминҳо бо об (барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда) ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ аз вазифаҳои муҳими сохтори навтаъсис буда, тибқи нақша, соли равон бояд таъминоти  заминҳо бо об дар майдони 1653 гектар амалӣ  ва ҳолати мелиоративии заминҳо дар майдони 9660 гектар  беҳтар гардонида шавад.  Ҳамчунин сохтмони қубурҳои обгузар ба дарозии 3,5 км, се   чоҳи амудӣ ва иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 1,87 км ба нақша гирифта шудааст.

- Барои анҷоми ин вазифаҳо ва таъмини иҷрои накшаҳои муайяншуда кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

- Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои дар назди Агентӣ ва зерсохторҳои он гузошташуда барномаҳои давлатии «Барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» , «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» мавриди татбиқ қарор доранд.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таҳти № 612 «Дар бораи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» соли равон  ба нақша гирифта шудааст, ки ба маблағи 6.762 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расида, дар масоҳати 9660 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар карда шавад. То 1 июни соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои пешбинишуда ба маблағи 2.268 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расида, дар масоҳати 2850 гектар ҳолати заминҳо беҳтар карда шудааст.

Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» имсол аз худ намудани 290 гектар заминҳои нав пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар иншооти барқарорсозии пойгоҳи обкашии Эскигузар № 1 ва барқарорсозии пойгоҳи обкашии деҳоти «Ҷавонон» дар шаҳри Ваҳдат, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ дар ноҳияи Рашт, барқарорсозии канал дар ноҳияи Нуробод, барқарорсозии пойгоҳи обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар ноҳияи Ховалинг, барқарорсозии пойгоҳи обкашии Дилварзин дар ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи умумии  1269,5 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти №112 «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»,  тибқи нақша, дар соли 2014 барои иҷро намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 28108 метр аз ҳамаи сарчашмаҳо ба  маблағи  64993  ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, дар ин давра дар минтақаи Кӯлоб ба дарозии 2070 метр корҳои  соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида, тадбирҳо оид ба соҳилбандии минтақаҳои зарардида ва хавфнок  идома доранд.

- Чанде пеш дар натиҷаи офатҳои табиӣ як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб зарар диданд. Агентӣ барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиии ин минтақа чӣ корҳоро анҷом дод?

- Дар асоси супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба корҳои барқарорсозию соҳилмустаҳкамкунӣ дар   минтақаи Кӯлоб маҷрои сойи Даҳана дар минтақаи Ҷерқалъа аз обовардҳо тоза карда, дар иншооти мазкур чор адад механизм, як экскаватор,  як булдозер ва чор нақлиёти боркаш кор карда, 1581 метр корҳои тоза намудани маҷрои сой анҷом дода шуд. Барои соҳилмустаҳкамкунии сойи Зиракӣ дар мавзеи Зиракӣ чор адад механизм, ду экскаватор, як булдозер ва як адад нақлиёти боркаш кор карда, 270 м3 корҳои бетонӣ ва 13000 м3 корҳои заминӣ иҷро гардиданд.  Дар минтақаи Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба воситаи ду адад механизм масофаи 1247 метр аз обовардҳо тоза карда шуд. Дар иншооти соҳилмустаҳкамкунии дарёи Ёхсу дар минтақаи Кафтархона 12 адад механизм, ду экскаватор, як булдозер, як борбардор (погрузчик) ва ҳашт адад нақлиёти боркаш кор карда, дар масофаи 1170 метр корҳои заминӣ иҷро гардида, айни ҳол корҳо идома доранд. Дар минтақаи Кашари поён дар масофаи 600 м корҳои заминӣ ва 50м3 корҳои бетонӣ иҷро шудаанд. Техникаю механизмҳои Агентӣ ва мутахассисону кормандони он ҳамчунин барои анҷоми корҳо дар мавзеъҳои канали Чубекчаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷерқалъа, Хоҷа Исҳоқ, Гулобод, сойи Тебалай, дар ноҳияи Муъминобод барои тоза намудани Сойи Туту ва ғайра сафарбар гардиданд. Алҳол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии лулаи обгузар дар минтақаи ниҳоят хавфноки деҳаи Майдапаттаи ноҳияи Фархор идома дорад. Ҳамагӣ 38 механизм ва 260 ҳашарчӣ чиҳати  иҷрои корҳои дар боло зикргардида, сафарбар шудаанд.

- Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки «…тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав чораҷӯӣ карда шавад». 

- Бамаврид аст зикр намоям, ки барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ лоиҳаҳои инвеститсионии  «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона», «Идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон», «Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 гектар» (марҳилаи 2) ва «Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ» (марҳилаи 2)  бо маблағи умумии 637,0 млн.сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.  Азхудкунии маблағҳо аз аввали сол 19,6 млн. сомониро ташкил додааст. Аз аввали татбиқи ҳамаи лоиҳаҳо бошад, азхудкунии маблағҳо 351,35 млн. сомониро ташкил менамояд.

- Тавре зикр кардем, фаъолияти Агентӣ ба тозагӣ шурӯъ гардидааст ва табиист, ки мушкилот низ мавҷуданд?

- Албатта, ягон кор бе мушкилӣ намешавад. Дар баробари пешрафтҳо дар фаъолияти Агентӣ ва зерсохторҳои он мушкилот низ мавҷуданд, ки ҳалли онҳо барои рушди соҳа аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Мушкилоте, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Агентӣ моро домангир аст, ин тибқи нақша ҷудо нагардидани маблағҳо барои иҷрои барномаҳои давлатии бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, нокифоя будани маблағҳо барои нигаҳдошти саддҳову обгардонҳо ва дигар иншооти зиддиобхезӣ, ки аксари онҳо фарсуда ва корношоям гашта, қисме аз онҳо пурра  хароб гардидаанд, куҳна ва фарсуда гардидани бино ва иншооти соҳа, норасоии техникаву механизмҳои муосири заминкан, сари вақт пардохт нагардидани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Барои ҳалли онҳо мо пешниҳодҳо ироа карда, тадбирҳо меандешем ва умед аст, ки онҳо роҳҳои ҳалли худро меёбанд. Аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини имрӯзаи мо пурра омода намудани иншооти обрасонӣ ва муташаккилона гузаронидани мавсими обёрии имсола, андешидани чораҳои зарурӣ оид ба азхудкунии на кам аз 290  гектар, аз он ҷумла 70 гектар заминҳои нави обёришаванда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашуда, иҷро намудани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо, таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо ва ғайра мебошад.  Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта Агентии  беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда, вазифаҳои муайяншударо сари вақт ичро намояд.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»