Иҷрои Фармони Президент

Таъмини шароити хуб ба пешрафти кор мусоидат мекунад

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» аз 30 июни соли 2012 таҳти №1291 ба беҳтар гаштани фаъолияти нозирони минтақавӣ дар пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини суботи ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои ин фармон Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ сохтану ба истифода додани  биноҳои маъмурӣ идома дорад, ки  ба беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомот кумак мерасонад.

Чанде қабл дар деҳоти «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвози ВМКБ бинои маъмурии минтақавии милитсия ифтитоҳ ёфт. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони милитсия шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар минтақаи маъмурии милитсия 13 нафар нозирон фаъолият мекунанд, ки якҷо бо аҳли ҷамоатчигии деҳот метавонанд қонуншиканиву содиршавии ҷиноятҳоро пешгирӣ намоянд.

Чунин як бинои маъмурии минтақавии милитсия дар деҳоти «Язгулом»-и ноҳияи Ванҷи ВМКБ низ мавриди истифода қарор дода шуд. Он дорои тамоми шароити муосир буда, барои пеш бурдани фаъолияти хизматии нозирони минтақавӣ, ҳамчунин ҳамкорӣ бо ҷомеа ва ҳалли мушкилоти онҳо дар ҳамбастагӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин се бинои нави хизматӣ барои нозирони минтақавии милитсияи ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ гардид. Биное, ки дар минтақаи хизматии №13-и милитсия бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода шуд, барои хизматрасонии 16 ҳазор аҳолии деҳоти «Султонобод» пешбинӣ шудааст. Дар сохтмони ин иншоот соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳоти мазкур саҳми арзанда гузоштанд. Инчунин нуқтаи такягоҳии тартиботи ҷамъиятии №2-и деҳоти «Чоргултеппа» кушода шуд. Деҳоти «Чоргултеппа» яке аз калонтарин деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳисоб меравад ва 38 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Ин маркази ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии «Эмерҷенс-групп», соҳибкорон ва сокинони деҳот бунёд гардидааст. Бинои нави хушсохт аз утоқҳои корӣ барои нозирони минтақавии милитсия, ситоди «Дружиначиёни ихтиёрӣ», маҷлисгоҳ ва дигар шароити маишии зарурии кормандон иборат аст. Дар ин радиф бинои минтақаи хизматии милитсияи №1-и шаҳраки Сомониён низ ба истифода дода шуд. Минтақаи мазкур барои 22 ҳазор сокини ин шаҳрак хизмат мерасонад ва дар ҳалли мушкилоти мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа нақши калон дорад.

Дар доираи Барномаи гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мешавад, бинои минтақаи маъмурии милитсияи №14-и ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ баъд аз таъмиру тармим ва навсозӣ ба истифода дода шуд. Он дар маҳаллаи 62-юми ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир буда, дорои се утоқи кории нозирони минтақавии милитсия мебошад, ки бо шароити зарурии хизматӣ, таҷҳизоти техникию воситаҳои алоқа таъмин  шудааст.

Соли гузашта бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Конибодом аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ду минтақаи маъмурии милитсия кушода шуд. Бинои минтақаи хизматии милитсияи №3-и деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои нави дуошёнаи минтақаи хизматии милитсияи №1-и ШВКД дар шаҳри Конибодом бошад, аз утоқҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони мазкур иборат мебошад. Дар шаҳри Исфара низ нуқтаи такягоҳи милитсияи №4-и шаҳраки Шӯроб ифтитоҳ ёфт.

Бояд гуфт, ки як қисми заминҳо ва иншооти бекорхобида бо масоҳати 9,5 гектар, воқеъ дар кӯчаи Эмом Муҳиддини шаҳраки Ғарм, ки солҳо харобу валангор буд, ба мувозинаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буд. Дар ин мавзеъ аллакай барои  кормандони мақомоти милитсия як бино бо тамоми шароити зарурӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Боз дар нақша аст, ки чандин кормандони дигар соҳиби хона шуда, зиёда аз 40 нафар барои бунёди манзили истиқоматӣ соҳиби замин мегарданд. Ба изофа дар ин мавзеъ боз як дармонгоҳ ва истироҳатгоҳ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сохта, ба истифода дода мешавад. Айни замон дар ин ҷо барои кашонидани хатти оби нӯшокӣ аз масофаи 2,5 километр ва ташкили боғу кабудизоркунӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Тавре дида мешавад, ҷиҳати иҷрои Фармони мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайяне анҷом дода шуда истодааст, ки шароити хуби кории нозирони минтақавӣ ва ҳамкории онҳоро бо ҷомеа таъмин менамоянд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»