Ба истиқболи 21- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

Мувофиқи маълумоти маъхазҳо ва илми ҳуқуқшиносӣ зери мафҳуми Конститутсия қонуни асосии қувваи олии ҳуқуқидошта фаҳмида мешавад ва он дар шаклу мазмуни ғояҳои имрӯза беш аз дусад сол аст, ки арзи вуҷуд мекунад.

Сарчашмаи асосии пайдоиши Конститутсия ба шуури ҳуқуқии инсоният, ки дар ду асри пуринқилобу ихтилофи ҷомеа мукаммал гардид, вобастагӣ дорад. Конститутсия ҳамчун тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 апрели соли 2014) вобаста ба бистумин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Ба ин манзур, бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму асосии бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик, дар маҷмӯъ тоҷикистониён аст ва дараҷаи самаранокии амалишавии муҳтаво ва меъёрҳои он ба сатҳи қонуну қонунгузорӣ, риояи бечунучаро ва бемайлони ин меъёрҳо аз ҷониби ҳар фарди ҷомеа иртиботи бевосита дорад. Ин нукот  дар моддаи 42 — юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таври мушаххас муқаррар шудааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд».

Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, бо ифодаи олимону мутахассисони ҳуқуқшинос, яке аз меъёрҳои демократӣ будани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаҳодат медиҳад. Дар ин радиф  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи аҳли ҷомеа пешниҳод намуда, бори нахуст дар таърихи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф кардааст. Ин баёнгари барҷастаи мартаба ва қурбу манзалати инсон дар кишвари мо мебошад.

Конститутсия низ санади меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, аммо тартиби қабул ва ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо аз дигар қонун ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ куллан фарқ дорад. Он танҳо аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷомеа эътибори олии ҳуқуқӣ доранд ва мустақиман амал мекунанд. Мутобиқи муқаррарот тамоми дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асос ва мутобиқи Конститутсия қабул шаванд ва ба меъёрҳои он мухолифат надошта бошанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳим ва хоси Конститутсияи (Сарқонуни) навини Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки асоси мустаҳками ба даст овардани сулҳ, ризоияту Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа гардид. Талабот ва меъёрҳои он мусоидат намуданд, ки сулҳу оромӣ ва ризоияти миллӣ заминаи муҳими рушду пешравии ҷомеа бошанд.

Татбиқи амалии   Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки меъёрҳои он ҷавобгӯйи ормонҳои тоҷику тоҷикистониён буда, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва сиёсии кишварамон гардидаанд.

 Далер ЗУҲУРЗОДА, муовини раиси Суди ноҳияи Ҳисор