ТАЪСИСИ СИТОД БАРОИ ТАЪМИНИ ОБИ ПОЛЕЗӢ

№ 28.03.2024

Яке аз мушкилоте, ки хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳринав метавонанд бо он давоми  соли ҷорӣ рӯбарӯ шаванд,  дастрасии нокифоя ба обҳои полезӣ мебошад. Маҳз, ҳамин омил метавонад боис ба он гардад, ки бархе аз кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда натавонанд.

Аз ин лиҳоз, масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияи Шаҳринав дар доираи ситоди корӣ  муттаҳид ва аз пайи  ислоҳи  камбудиҳои мавҷудаи марбут ба таъминоти об шуда истодаанд. Ҳайати ситоди корӣ аз мутахасисони идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, кумитаи идораи замин, бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия, раисону мутахассисони заминсози ҷамоатҳо, масъули пойгоҳи обкашии “Қаратоғи нав-1”, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони дахлдор иборат буда, ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳо дар ин самт корро ба роҳ монда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи обкашии “Қаратоғи нав-1” соли 1980 ба фаъолият оғоз карда, 750 гектар заминҳои ҳудуди деҳоти Чуст, Истиқлол ва Саборо бо об таъмин менамуд. Ҳоло бошад, аз шаш пойгоҳи обкашии мавҷудбуда танҳо яктои он ба таври бояду шояд фаъолият дорад.

Деҳқонону хоҷагидорони ноҳия умед бар он доранд, ки ҷидду ҷаҳди аъзои ситод дар муҳлатҳои наздиктарин ба беҳтар гардидани вазъи обтаъминкунии соҳаи кишоварзӣ ва ҳам сокинони ноҳия мусоидат хоҳанд кард.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»