Такмили Конститутсия рушди босуботи ҷомеаро таъмин менамояд

№22 (3502) 17.02.2016

15 феврали соли 2016 бо мақсади ба самъи аҳолӣ расонидани зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Маркази равобити пойтахт»  вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе бо аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир гардид.

Маҳмадсаид  Убайдуллоев зикр намуд, ки пешниҳод оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  аъзои Маҷлиси миллӣ ва  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, тақозои замон ва ҷомеа мебошад. Зеро маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия рушди босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин намуда, сарчашма ва заминаи асосӣ барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаи ҳар шахс мегардад.

Ҳамзамон, тағйиру иловаҳо ба тавсеаву тақвияти равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, сиёсати давлатии ҷавонон нигаронида шудаанд.

Сипас, тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, иштирокдоронро даъват намуд, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоту идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд ва 22 майи соли ҷорӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки вохӯрии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе дар робита ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 феврал бо фаъолони чор ноҳияи шаҳр дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони варзида идома меёбад.

Ш. САИДОВ