Тамоми кӯшиш баҳри некуаҳволии мардум аст

№2 (4108) 04.01.2020

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар самти татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта корҳои муайянро ба иҷро расонид. Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳо бо муовини аввали раиси шаҳр Зуробек Бурибекзода суҳбат оростем.

- Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони шаҳр чӣ тадбирҳо андешида шуданд?

- Ба Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ соли гузашта  91 лоиҳа бо ҷалби 868,9 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки аз ин 38 лоиҳа бо маблағи 248,1 млн. сомонӣ ба бахши иқтисод, 26 лоиҳа бо маблағи 400,8 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоиёт, 22 лоиҳа бо маблағи 217 млн. сомонӣ ба инфрасохтор, панҷ лоиҳа бо маблағи 940 ҳазор сомонӣ ба ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ рост меояд. Дар давоми сол аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншоот 878 256 500 сомонӣ равона шуд, ки 124, 8 дарсади нақшаи пешбинигардидаи солҳои 2015 — 2018 ва 100,1 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад.

Солҳои 2015 — 2018 ва нуҳ моҳи соли гузашта 52 банди барномаи зикршуда ба маблағи 837 950 051 сомонӣ пурра иҷро гардид. Аз рӯи 19 банди он бо маблағи 168 621 200 сомонӣ корҳо идома дорад. Аз рӯи 20 банди дигари барнома, бинобар дарёфт нагардидани маблағ, корҳо ба таъхир афтод.

Шаҳри Хоруғ дорои ду шаҳрак – ба номи Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Дар давоми сол онҳо аз тарафи мақомоти шаҳрӣ баҳри амалӣ намудани  чорабиниҳои сиёсиву ободонӣ ба маблағи 147 159 сомонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Дар шаҳр 42 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки ба маблағи зиёда аз 34 334,7 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Кӯҳис­тон», ягона корхонаи калони истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳр ба ҳисоб меравад, нуҳ намуд маҳсулоти шириро ба харидорон пешкаш менамояд. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз аз 5 то 7 тонна аст, вале феълан дар як шабонарӯз зиёда аз 300 литр маҳсулоти ширӣ истеҳсол менамояд.

- Омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар кадом сатҳ аст?

- Тибқи нақша, то 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 18 майдончаи варзишӣ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ бунёд мегардад. Ҳоло се майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтааст ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои Тирчиду Хуфак идома дорад.

Барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ соли ҷорӣ маркази ташхиси тиббӣ бо навтарин инфрасохтор ва таҷҳизоти соҳаи тиб дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он табибони сатҳи баланди касбӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ гузошта шуд. Масоҳати қитъаи замини ҷудошуда 1,0 гектарро ташкил медиҳад. Соли 2019 барои оғози сохтмон якуним миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Дар шаҳр, ҳамчунин, сохтмони теат­ри миллӣ аз соли 2016 идома дорад, ки маблағи корҳои иҷрогардида дар он 15 миллиону 226 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои театр аз се ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд ва барои 946 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати умумии бино 7261,2  м2 мебошад.

Бинои муассисаи таълимии №8-и шаҳри Хоруғ ба нақшаи навсозӣ ворид ва соли 2019 барои оғози корҳо дар он се миллион сомонӣ ҷудо гардид. Муассиса барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, лоиҳаи ангоравии он бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқа шудааст ва тарҳрезии лоиҳаи шабакаҳои беруна идома дорад.

Баҳри коҳиш додани эҳтиёҷоти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ду бинои 12 — ошёна дар шаҳр оғоз шудааст. Инчунин, дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар доираи омодагӣ ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар марказҳои хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакон — «Мадагаскар – Помир» ва «Аловуддин» ба истифода дода шуданд. Онҳо, ки бо тарҳи муосир сохта шудаанд, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Соли равон барои таъмини маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ аз тарафи фонди «Оғохон» аз қубури асосии Боғевдара қубури қутраш 150 м2 ба масофаи 2,7 км кашида шуд.

- Вобаста ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кадом корҳо амалӣ шудаанд?

- Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ ҳоло дар шаҳр 77 бону ба фаъолияти доимӣ ҷалб гардидаанд, ки маҳсули дасти онҳо дар дохили кишвар ва берун аз он ба фурӯш меравад. Айни замон дар Хоруғ ташкилоти ҷамъиятии «Ҳаёт» фаъолият дорад, ки зиёда аз 50 духтар дар он бофандагию дӯзандагӣ, қуроқдӯзию муҳрабофӣ ва ғайраро аз худ мекунанд.

Дар самти амалӣ намудани барномаҳо «Дар бораи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 — 2020» ва «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» бояд гуфт, ки қисми зиёди корҳо анҷом ёфтааст ва то ба охир расидани муҳлати иҷрои барномаҳо тадбирҳои иловагӣ низ пиёда мегарданд.

Дар шаҳр 17 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки ҳар сол дар арафаи таҷлили ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ мегарданд. Ҳамчунин, бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр баҳри таъмини инфрасохтори сайёҳӣ маркази ҳунарҳои мардумӣ — «Де – Памирӣ», «Помир – Лодҷ», «Бадахшон – Травел» ва меҳмонхонаҳои замонавии «Серена», «Лаъл», «Кивекас» бунёд гардидаанд.

Инчунин, ширкатҳои сайёҳии «Ассотсиатсияи сайёҳӣ — экологии Помир», «Тур Де – Памир», Ассотсиатсияи ронандагони «Сафар» ва меҳмонхонаҳои «Деҳлӣ – Дарбар», «Помир Вояж», «Помир Тревела» ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Дар онҳо  барои сайёҳон мусаввараҳо,  наворҳои таблиғотӣ, харитаву буклетҳо, хизмати роҳбаладон ва дигар намуди хизматрасонӣ пешниҳод мешавад. Ба изофа, зиёда аз 10 меҳмонхонаи хусусӣ, 40 хомстей, 17 иншооти таърихию фарҳангӣ ва баҳри муаррифии сайёҳии экологию фарҳангӣ боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Ш. Шоҳтемур, боғи набототи Помир, чойхонаи миллӣ дар маркази вилоят мавҷуданд.

- Ба муроҷиати шаҳрвандон таваҷҷуҳ чӣ гуна аст? Онҳо бештар бо кадом масъалаҳо муроҷиат менамоянд?

- Дар давраи зикршуда ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ 1371 муроҷиати хаттӣ ва 452 муроҷиати шифоҳӣ ворид шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳо нисбат ба соли гузашта кам гардидааст. Сабаб аз тарафи масъулин дуруст ба роҳ мондани рӯзи қабули шаҳрвандон ва сари вақт ҳаллу фасл намудани арзу шикояти онҳо мебошад. Мавзӯи асосии муроҷиатҳо гирифтани манзили истиқоматӣ, ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмон, таъминот бо оби нӯшокӣ ва пайдо кардани ҷойи кор аст.

- Имсол Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  дар робита ба номгузории баъзе аз иншооти хусусӣ дар шаҳри Хоруғ эрод гирифт…

- Дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи татбиқи забон амал менамояд ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» зери назорати доимӣ қарор дорад. Чунончӣ, аз тарафи гурӯҳҳои кории шаҳр дар нуҳ моҳ се маротиба номгузории ошхонаву қаҳвахонаҳо, кошонаҳои ҳусн, мағозаву иншооти дигари хизматрасонии маишӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Номи иншооте, ки ба талаботи қонун мувофиқат намекарданд, иваз гардиданд. Аз ҷумла, дар бозори марказӣ номи ҳашт иншооти маишӣ иваз гардид.

Вобаста ба эроди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номи се маҳалла ва як кӯчаи шаҳр, ки ба талаботи қонун мувофиқ набуданд, тағйир дода шуд.

- Доир ба рушди соҳибкорӣ чӣ гуфтанӣ доред?

- Соҳибкорӣ ҳам давра ба давра рушд карда истодааст. Мушкилоти асосие, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна таъсири манфӣ мерасонанд, набудани маблағҳои иловагӣ барои пешравии тиҷорат, сатҳи баланди фоизи қарзҳои бонкҳо ва муҳлати кӯтоҳи баргардонидани онҳо мебошад. Ҳамчунин, имкониятҳои воқеии ташкили корхонаҳои саноатӣ дар маркази вилоят ҳанӯз пурра истифода намешаванд ва ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон баҳри истифодаи самараноки онҳо, бахусус, захираҳои дохилӣ, пурра омода нестанд.

Роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ минбаъд низ барои амалӣ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

Мусоҳиб М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»