Тарбияи дуруст падидаҳои номатлубро аз байн мебарад

№82 (3228) 24.07.2014

Ташкил ва ба роҳ мондани  давлатдории муосири миллӣ, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад, аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият маҳсуб меёбад. Дар ин муддат, ки марҳилаи на чандон тӯлонии таърихиро дар бар мегирад, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фароҳам гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ҳалли он вазифаҳои асосии давлат мебошад. Ин талабот дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ нишон дода шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мегарданд, яъне ҳамаи қонунҳо ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, худидоракунӣ онҳоро таъмин ва ҳифз менамоянд.

Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар боби дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба шарҳу эзоҳ дода шудааст.

Масъалаҳои танзими ҳаёт ва саломатии инсон дар дигар қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ инъикоси худро ёфтаанд. Барои мисол, аввалин маротиба дар қонунгузории гражданӣ (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳаёт ва саломатӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ танзим карда шудааст. Дар моддаи 140 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон намуди объектҳои ҳуқуқи гражданӣ пешбинӣ гардидаанд, ки ба он ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, шуҳрати касбӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва ғайра ворид карда шудаанд.

Тавре аз моддаи 33-и  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Шаҳрвандоне, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд ва оила барпо намоянд.

Солимии ҷомеа ба солимии оила вобастагӣ дорад. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) ба таври зайл омадааст: «Қобили зикр аст, ки оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешавад».

Бо дарназардошти талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба масъалаи таълиму тарбия, оила ва оиладорӣ диққати махсус зоҳир гардидааст. Қабл аз ҳама, баробарҳуқуқии падару модар нисбати фарзанд дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст. Қисми якуми моддаи 61-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки падару модар нисбати фарзандонаш ҳуқуқу уҳдадориҳои  баробар доранд.

Вобаста ба шароит ва талаботи замон ба қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд. Масалан, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳ суд барои оштӣ додани зану шавҳар ҳуқуқ дорад баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштӣ додани онҳо на то се моҳ, балки то шаш моҳ муҳлат диҳад. Ворид кардани ин тағйирот, пеш аз ҳама, барои пойдории оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти зану шавҳар ва ҳимояи фарзандон мусоидат менамояд.

Муносибати дуруст дар оила ба пешравии ҷомеа таъсир мерасонад,  аз ин рӯ зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтиром ба роҳ монанд, барои таҳкими оила  мусоидат намоянд, ба некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.

Ин вазифаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» возеҳ нишон дода шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ пешбинӣ шудааст. Аммо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани масъулияти падару модар тариқи қонуни мазкур иборат аз он аст, ки  таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ амалӣ гардад. Ин хислатҳои неку наҷиби инсонӣ бештар моҳияти маънавӣ доранд ва дар тафаккури инсон давоми ҳаёту зиндагиаш ташаккул меёбанд. Дар раванди чунин ташаккулёбӣ таъсири муҳит, пеш аз ҳама, оила ва таълиму тарбия нақши муҳим мебозад. Зеро ҷомеаи солим ба насли бомаърифат, донишманд, миллатдӯст, аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад.

Меҳрбону АМОНОВА, корманди дастгоҳи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе