Масоили доғи рӯз

Ташкилот ва ҳаракатҳои тундгаро ба ваҳдат хатар доранд

№85 (3386) 23.06.2015

25Ҷаҳони имрӯза ҷаҳонест, ки сияҳкорон бо таблиғи ҳама гуна идеологияҳои тахрифкорона ва хурофотии худ миёни инсоният ҳисси бадбинӣ, нафрат, миллатгароӣ ва қадр накардани арзишҳоро ба вуҷуд оварда, ҷомеаи инсониро носолим мегардонанд ва ҳуқуқҳоямонро поймол месозанд. Барои амалӣ кардани барномаҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худ ҷӯёи он роҳҳое мешаванд, ки тавонанд тавассути истифода аз онҳо ба мақсадҳои ниҳоии худ расанд.   Бинобар ин, мақсад гузоштем, ки барои огоҳ гаштани ҷавонон ва аҳли ҷомеа аз барномарезӣ ва ҳадафҳои иртиҷоии бархе аз ҳаракат ва ташкилотҳое, ки имрӯз барои сафи аъзои ба ном Давлати Исломиро зиёд намудан ҷаҳду талош доранд, мавод манзур дорем.

Дар мадди аввал ташкилотҳое, ки ҳадафашон тамоили террористӣ ва ифротгаройӣ дошта, фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мамнӯъ аст, ба мисли «Ал-Қойида», «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»), «Ҷамоати Таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ғайра, ки теъдодашон аз даҳ зиёд аст, мебошанд.

Бори аввал оид ба фаъолият намудани «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон 3 сентябри соли 2010, вақте ки ҷонибдорони он дар шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амали террористӣ анҷом доданд, ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи ин амал ду корманди милитсия ба ҳалокат расида, беш аз 25 нафар одамони бегуноҳ осеби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ гирифтанд.

Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» яке аз шохаҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон буда, аз ҷониби ташкилоти тундгарои «Ал-Қойида» маблағузорӣ мешавад. Сеюми майи соли 2010 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти «Ҷамоати Ансоруллоҳ» — ро террористӣ ва ифротгаро эътироф намуда, амалашро ғайриқонунӣ эълон кард. Таъкид гардид, ки мамнӯъ эълон намудани фаъолияти «Ҷамоати Ансоруллоҳ» барои ҳифзи сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини бехатарии давлат зарур ва муҳим аст. Биноан, сомонаи сохторҳои марбутаро муваззаф намуда буд, ки дастрасӣ аз сайти ҷамоатро, ки воситаи таблиғи идеологияашон аст, банданд. Мутаассифона, то кунун сомонаи ин ташкилоти террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барои ҳамаи муштариёнаш дастрас мебошад.

Ҳадафҳои нопок ва ғаразноки ин ҷамоатро моҳи майи соли 2012 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои тундгарои динӣ — экстремистӣ ва террористии «Ҳизби таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати Таблиғ» ва «Ҳизби исломии Ӯзбекистон» якмаром ҳисобид.

«Бародарони мусулмон» бошад, ассотсиатсияи байналмилалии динӣ — сиёсӣ ба ҳисоб рафта, моҳи марти соли 1928 ташкил шудааст. Асосгузори ин ассотсиатсия Ҳасан — ал — Банн буда, фаъолияти худро дар Миср оғоз намудааст. Соли 1933 шуъбаи алоҳидаи ташкилот ба шаҳри  Қоҳира кӯчонида шуд. Баъди марги Ҳасан — ал — Банн (соли 1949), соли 1950 таблиғи ин идеология ба дӯши Сайид -ал- Қутб вогузор гардид, ки ӯ соли 1966 ба қатл расонида шуд. Ҳамзамон ассотсиатсия шуъбаҳои худро дар Сурия, Фаластин ва Ироқ дошта, то анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон аъзои он ба 500 ҳазор нафар мерасид. Дар Федератсияи Россия ин ташкилотро террористӣ шуморида, фаъолияташро манъ карданд. Соли 2013 ин ташкилот нуфузи худро дар Тунис, Либия, Сурия ва дигар кишварҳои араб зиёд менамояд. Аммо 7 марти соли 2014 ин ташкилотро дар Арабистони Саудӣ ҳамчун ташкилоти ифротгаройӣ ва террористӣ эътироф менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки соли 1954 баъди сӯиқасди аъзои ассотсиатсия ба ҷони Президент Ҷамол Абдулло Носир фаъолияти «Бародарони мусулмон» дар Миср манъ гардида, баъзе аз фаъолони он боздошт мешаванд.

Соли 1984 бошад, «Бародарони мусулмон» дар интихоботи парлумонӣ иштирок мекунанд, аммо ба комёбӣ ноил намегарданд.

Дар интихоботи парламентии соли 2005-и Миср номзадҳо аз «Бародарони мусулмон», ки дар интихобот иштирок бояд меварзиданд, 88 ҷой (20 фоизи ҳайати парлумон)-ро ташкил дод. Аммо баргузории интихобот нишон дод, ки номзадҳои он нисбат ба панҷ соли гузашта, фоизи ками овозҳоро гирифтанд. Ин гуна сурат гирифтани масъала ифротгароёнро барои баргузор кардани гирдиҳамоиҳо водор намуд.

Дар интихоботи парламентии соли 2010 низ онҳо муваффақ нагашта, байкот эълон карданд. Чоруми декабри соли 2011 ҳизби онҳо дар давраи аввал 40 фоизи овозҳоро гирифта, вале дар давраи дуюм пирӯзиро пурра ба даст оварданд. Ниҳоят, моҳи июни соли 2012 намояндаи ҳаракат Муҳаммад Мурсӣ, дар интихоботи президентӣ ғолиб омад. 3 июли соли 2013 Муҳаммад Мурсӣ, бинобар табаддулоти давлатӣ, аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Ӯро прокуратураи кишвараш дар сӯзонидани зиндон ва ҳисоботҳои он, ҳамкорӣ ба ҳаракати фаластинии «Хамас», ҳуҷум ба кормандони полис, куштори баъзе маҳбусон, одамрабоӣ ва ғайра гунаҳкор мешуморад.

Баъди аз вазифа сабукдӯш шудани Муҳаммад Мурсӣ пайравонаш дар моҳи июли соли 2013 гурӯҳҳои аксуламалро ташкил намуда, даъво доштанд, ки Мурсӣ ба курсии президентӣ аз нав нишинад. Ҳамин тавр, эътирозгарон ва ҳукумати муваққатии Миср дар муҳлати шаш ҳафта муқобили ҳам истодагарӣ карданд. 23 сентябри соли 2013 Суди олии Миср фаъолияти ташкилоти мазкурро манъ ва 24 декабри соли 2014 Ҳукумати Миср ин ташкилотро террористӣ эълон кард.

Солҳои 80-уми асри XX дар давраи ҳукмронии шоҳ Ҳусейн дар Иордания ҷонибдорони «Бародарони мусулмон» фаъолнокии сиёсӣ нишон доданд. Соли 2011 якчанд пешниҳодро ҷиҳати ислоҳи низоми сиёсии кишвар ироа карданд. Роҳбари ин ташкилот Хамс Мансур аз ҷумла талаб кард, ки Сарвазири кишвар аз ҷониби парлумон таъин карда шавад, на ин ки онро шоҳ интихоб намояд. Инчунин вакилони маҷлиси болоиро на ин ки шоҳ, балки халқ интихоб намояд.

Дар Сурия «Бародарони мусулмон» аз солҳои 70-уми асри гузашта ташвиқоти зиддиҳукуматӣ мебурданд. Онҳо аз вазъи иқтисодӣ, сиёсии кишвар изҳори норозигӣ доштанд. Ифротгароён худро танзимкунандагони қонунҳои шариати исломӣ шуморида, кӯшиши муттаҳид кардани давлатҳои исломиро менамуданд.

«Ҷамоати Таблиғ» — ташкилоти динӣ буда, соли 1926 дар Ҳиндустон созмон ёфтааст. Асосгузори он Мавлон Муҳаммад Илёс буд. Ҳадафи асосиаш ворид кардани тағйироти маънавӣ дар ислом мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 «Ҷамоати Таблиғ»-ро ифротӣ эътироф карда, фаъолияти онро манъ намуданд. Соли 2009 дар Федератсияи Россия низ ин ҳаракат экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташро дар ҳудуди кишвар манъ карданд, зеро ин ташкилот ба амну осоиштагии ҷомеа халал ворид менамояд.

Номи пурраи «Ҳизби таҳрир» — «Ҳизб — ут — таҳрир ал — исломӣ» буда, маънояш «ҳизби озодихоҳи исломӣ» мебошад. Сарварии онро аввалан Ато Абу Рашта дошта, ба рӯйхати он ташкилотҳое дохил буданд, ки аз ҷониби Прокуратураи генералии Федератсия Россия, Суди Олии ин кишвар ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гаштаанд. Бинобар ин, фаъолияти «Ҳизби таҳрир» дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ мебошад.

Ин ҳизб соли 1953 дар Байтулмуқаддас таъсис ёфт. Асосгузори ин ҳизб Тақиуддин Набаҳонӣ (1908 — 1977) мебошад.  Ҳадафи ниҳоии ин ҳизб муттаҳид кардани тамоми мардуми мусулмон дар доираи як давлат ё худ хилофати ягона, ки онро бояд халиф идора кунад, мебошад. Роҳбарияти ҳизб баҳри амалӣ кардани ин барномаи сиёсии худ ба он кишварҳое нақшаи худро тарҳрезӣ карданист, ки аҳолии зиёди онро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Ба сарчашмаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоем, маълум мегардад, ки ҷиҳати татбиқи барнома ҳизб се марҳиларо асосӣ медонад:

1. Таъсиси ҷамъиятҳои «Ҳизби таҳрир». Аъзои он бояд бо афроди аз шариати исломӣ пурра воқифбуда ва тарғибгарони он якҷоя фаъолият кунанд. 2. Шаклдиҳии фикри умум ҷиҳати таъсиси хилофат ва дигар консепсияҳои исломӣ. 3. Вақте ки фикри умум ҷиҳати таъсиси хилофат ба як маҷро ворид мешавад, тавассути неруҳои ҳарбӣ тағйир додани сохтори ҳукумат дар ин ё он кишвари исломӣ, роҳбарияти ҳукумат дар ин вазъ ба исломиён иваз шуда, минбаъд давлати созмонёфта дар пояи шариати исломӣ идеологияи худро ба дигар кишварҳо интиқол диҳад.

Сохтори ҳизб мутамарказонида буда, фаъолияти он аз ҷониби роҳбарияти марказӣ назорат мешуд. Ташкилотҳои миллиро бошад, одатан гурӯҳҳое, ки аз 12 нафар ташкил ёфтаанд, роҳбарӣ мекарданд. Занҳо ҷудо аз мардҳо, алоҳида ташкилоти худро созмон дода, фаъолият мебурданд. Хулоса, қисматҳои асосии ҳизб аз панҷ нафар иборат буда, онҳо сарвари хешро ҳамчун мушриф муаррифӣ мекарданд. Агар нисбати фаъолияти ин ҳизб дар кишварҳои Осиёи Миёна ибрози андеша кунем, месазад зикр намоем, ки нуфузи ин ҳизб дар Ӯзбекистон нисбат ба дигар манотиқи ин қитъа зиёдтар буд. Яке аз коршиносони вазъи сиёсӣ, иқтисодию фарҳангии Осиёи Миёна Виталий Пономарёв дар китоби худ «Ислом Каримов ба муқобили Ҳизби таҳрир» тасдиқ менамояд, ки фаъолияти «Ҳизби таҳрир» дар Тошкент соли 1995 ба қайд гирифта шудааст. Аммо мувофиқ ба маълумотҳои омории Ӯзбекистон назархоҳони ин ҳизб ҳанӯз солҳои 90 -уми асри XX хостанд, ки барномаи худро дар ин кишвар пиёда созанд.

Ҳамин тавр, ҷавонони ӯзбекистонӣ ба ин ҳизб шомил гардида, зери таъсири таблиғгарони «Ҳизби таҳрир» ошкоро муқобили «ҳукумати бехудоёна»-и Ӯзбекистон мубориза бурданро оғоз карданд. Онҳо тасмими таъсиси хилофати ягонаро пеш гирифта, сиёсати пешгирифтаи «душманони ислом», аз ҷумла ИМА ва Исроилро дар ҷаласаҳои худ мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ аст. Аммо ин ҳизб тавониста, ки аз миёни ҷавонон ва афроди гуногуни гумроҳшудаи кишвари мо аъзои худро пайдо кунад. Бояд гуфт, ки қисми зиёди аъзои ин ҳизбро дар Тоҷикистон шаҳрвандони муқими вилояти Суғд ташкил медоданд. Баъдан, тавассути истифода аз онҳо роҳбарони ҳизб тавонистанд, ки идеологияи худро дар дигар минтақаҳои кишвар паҳн карда, аз ҳисоби нафарони бетаҷриба, сатҳи маърифати пастдошта аъзои худро зиёд кунанд.

Аз маълумотҳои пешкашшуда метавон натиҷа бардошт, ки ин ҳаракату ташкилотҳо аз оғози пайдоиш худро ҳамчун ташкилотҳои динӣ — сиёсии дар пояи шариати исломӣ таъсисёфта эътироф намуда, мақсади асосии худро бошад, барои таъсир расонидан ба мусулмонон равона намуданд. Агар амиқтар таваҷҷуҳ намоем, чунин ба назар мерасад, ки бунёдгарони ин ташкилотҳо таълимоти худро чунин тарҳрезӣ кардаанд, ки дар назари аввал гӯё комилан таҷассумгари шариати исломӣ бошад. Аммо таълимоти онҳо наздикии комил ба ислом, китоби муқаддаси Қуръони Карим ва ҳадис надорад. Яъне, идеологияи ин ташкилотҳо комилан исломӣ нестанд. Идеологияи онҳо тахрифкорона, хурофотӣ буда, ҳадафи асосиашон ворид кардани бенизомӣ миёни мардуми мамолики исломӣ ва ҳисси бадбиниро барқарор намудан байни давлатҳои дигари ҷомеаи башарӣ нисбати ислом ва давлатҳои исломӣ мебошад.

Мувофиқи ақидаи назархоҳони ин ҳизб ислом, гӯё ҳамзистии ақидаҳо, тамаддунҳо ва фарҳанги башариро инкор мекунад. Онҳо ба инобат нагирифтаанд, ки аз ибтидо ислом тарафдори сулҳ, ҳамзистии маслиҳатомези ақидаю фарҳангҳои гуногун буда, пайравони худро ба ин самт равона менамуд.

Вақте мо муқобили ин идеяҳои носозгор ва мухарриби ҷомеа баромад накунем ва барои фарзандон фазое муҳайё гардонем, ки таассубгарон онҳоро дар рӯҳияи ақидаи тундравона тарбия созанд, дар зеҳнашон ҳисси бадбинӣ, хусуматро нисбат ба волидайн, Ватан, дӯст, бародар ҷой гардонанд, пас онҳо ҳам аз асли аҳком ва шариати исломӣ бехабар монда, барои пешрафти ҷамъият талош варзида наметавонанд.

Масъалаи дигаре, ки атрофи он мебояд ҷиддӣ андеша намуд, ин аз кадом манбаъҳо сарчашма гирифта, ташаккул ёфтани «Ҳизби таҳрир» мебошад. Зиддиисломӣ будани ин ҳизбро тамоми уламо ва чеҳраҳои намоёни фарҳанги исломӣ, аз ҷумла Муҳаммад Қутуб, Шайх Бен Боз — муфтии Арабистони Саудӣ, шайхи Ал-Азҳар шайх Тантовӣ, шинохтатарин фақеҳи муосир доктор Юсуф Қарзовӣ ва дигарон тасдиқ намудаанд.

Имрӯз мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, зудбоварона ҳар гуна ақидаро пазируфта, ба   идеологияи ифротгароёна нагаравем.

Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин, сармутахассиси Раёсати кор бо  мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон