Аз ҳаёту фаъолияти тоҷикони бурунмарзӣ

Тоҷике бомаърифат, боҷасорат ва босадоқат

№1 (3481) 01.01.2016

Дар Конференсияи 63-юми солонаи илмӣ — амалии донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ба наздикӣ баргузор шуда буд,  мудири шуъбаи ҷарроҳии пластикӣ ва реконструктивии Госпитали Майванд  дар шаҳри  Кобул, хатмкардаи ин донишгоҳ, номзади илмҳои тиб, устоди Донишгоҳи тиббии Кобул Аминулло Ҳамкор  низ иштирок дошт.

Зимни муаррифии номбурда ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Убайдулло Қурбон аз ӯ ҳамчун тоҷики асили ватандӯст, нафаре, ки ҳамчун хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино онро таври шоиста дар хориҷи кишвар муаррифӣ намудааст ва шоире, ки ашъораш инъикоскунандаи самимияти беандоза ба миллати тоҷик ва Тоҷикистон аст, ситоиш кард. Зикр шуд, ки самимият ва ихлоси ин нафар ба тоҷику Тоҷикистон то андозаест, ки дар шафати Госпитали Майванд дар шаҳри Кобул чойхонае бунёд карда, онро «Роҳат» ном гузоштааст.

Маҳз ин суханони профессор Убайдулло Қурбон  сабаби асосии рӯи саҳифа омадани чанд сатр доир ба ҳаёту фаъолияти Аминулло Ҳамкор гардид. Чун бо мавсуф ҳамсуҳбат шудам, дар симои ӯ як тоҷики бомаърифат, боҷасорат ва босадоқатро дарёфтам. Аз он ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз хайрхоҳони мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҳсуб ёфта, мунтазам аз минбарҳои баландтарини олам вобаста ба мушкилоти ин кишвар масъалагузорӣ менамояд. Мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ин таваҷҷуҳу дастгирӣ сипосгузоранд. Дар раванди суҳбати фавқ  ҳамчунин ба сатҳи баланди касбияти номбурда, ҳисси баланди миллатдӯстиаш муътақид шудам.

Аминулло Ҳамкор ба маънои томаш аз шумори тоҷикони асил буда, соли 1959 дар Панҷшер — зодгоҳи Қаҳрамони миллии Афғонистон, дӯсти хайрхоҳи тоҷику тоҷикистониён шодравон Аҳмадшоҳ Масъуд ба дунё омадааст. Соли 1986 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, баъд аз хатми он як муддат дар шаҳри Кобул фаъолият намудааст. Бо мақсади такмили ихтисос соли 1991 ба аспирантураи донишгоҳи зикршуда дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. Сипас, як муддат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон монд ва то соли 2001 дар шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина ба сифати табиб фаъолият намуд.

- Маҳз давраи фаъолият дар шуъбаи мазкур барои ман марҳилаи навро дар ҳаёту фаъолятам оғоз бахшид, зеро дар ин ҷо аз табибони варзида, ки ба маънои томаш устодони касби хешанд, амсоли Н. Усмонов (шодравон), Ғ. Ҳо-ҷимуродов, К. Ортиқов, М. Маликов, У. Қурбон ва дигарон нозукиҳои ин бахши тибро, ки дар замони муосир моҳияташ боло рафта истодааст, омӯхтам. Нафарони зикршуда аз шумори он табибоне мебошанд, ки тадқиқотҳояшон мисли корҳои илмии баъзе ба ном олимон дар рӯи коғаз намонда, муҳлати амалӣ намуданашон низ барои «ояндаи наздик» пешбинӣ нагаштааст. Маҳсули фаъолияти онҳо дар мисоли шифои комил ёфтани шумораи зиёди беморон баръалост, — гуфт номбурда.

Дар идомаи суҳбат иттилоъ гирифтам, ки Аминулло Ҳамкор соли 2001 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргашта, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Кобул ба сифати мудири шуъбаи ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ ба фаъолият пардохтааст. Мавсуф ба он назар аст, ки  дар радифи рушди босуръати ҷанбаҳои гуногуни соҳаи тиб бахши ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ низ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид шудааст. Ин зарурати замон аст, зеро чунин усули ҷарроҳӣ, пеш аз ҳама, барои рафъ намудани нуқсонҳои ҷисми инсон истифода гашта, айни замон талабот ба он  тамоюли афзоишро касб намудааст, зеро аксари шахсоне, ки бо сабабҳои гуногун ин ё он қисми баданашон осеб мебинад, дар зиндагӣ бо ноҷуриҳои зиёде мувоҷеҳ гашта, танҳо бо василаи чунин намуди ҷарроҳӣ метавонанд ин нуқсонро бартараф намоянд.

Бо дарназардошти омилҳои мазкур ҷиҳати рушди ин бахши илми тиб дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аминулло Ҳамкор  иқдомоти зиёдро амалӣ намудааст. Мавсуф аз асосгузорони ин шохаи илми тиб дар кишвари зикршуда маҳсуб ёфта, бо ибтикори бевоситааш дар Донишгоҳи тиббии Кобул ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ ҳамчун фанни алоҳида ба муҳасиллин омӯзонида мешавад.

Ба суоли инҷониб бобати таваҷҷуҳ ва муроҷиати шаҳрвандон барои чунин намуди табобат номбурда иброз дошт, ки ин намуди табобат дар Ҷумҳурии Исломии               Афғонистон то чанд соли пеш чандон маъмул набуд.

- Солҳои охир теъдоди муроҷиин тамоюли афзоишро касб намуда, эътимоду эҳтироми шаҳрвандон низ ба табибони ин бахш қавӣ ва зиёд гаштааст. Биноан, мо курсҳои тахассусӣ таъсис додем, ки дар онҳо то имрӯз даҳ нафар мутахассисони соҳаро омода ва бозомӯзӣ намудем, — зикр кард ҳамсуҳбатам.

Мавсуф пешравиҳои соҳа ва дастовардҳои табибони тоҷикро махсус таъкид намуда, ба он назар аст, ки қисмати аъзами дастовардҳои табибони тоҷик дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир буда, бори аввал маҳз аз ҷониби ворисони асосии Синои бузургвор — тоҷикон мавриди истифода қарор гирифтанд. Барои мисол, чанд сол пеш  дар шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина бо роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бори аввал усули пайванди ғайриозоди флепи параскапулярис ба мавзеи осебдидаи бофтаҳои сатҳи пеши гардан бомуваффақият амалӣ гардид. Истеъдоди нодир ва меҳнати пурмаҳсули табибони шуъбаи зикргашта замина фароҳам овард, ки барои пайванди ғайриозод аз шонаи бемор флепи параскапулярис гирифта, рагу пайвандҳои он бидуни буридан тавассути таги каш ба мавзеи осебдида гузаронида шавад. Аз он ки дар таҷрибаи ҷаҳонии микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ ин усул маротибаи аввал аст, метавон онро ба сифати дастоварди беназири табибони тоҷик ва бамаротиб болоравии обрӯи тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

Дар ин радиф, ёдовар шудан бамаврид аст, ки аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ аутотрансплантатсияи мӯйи сар тариқи трансплантатсияи фолликулярии пайвастагиҳо низ аз ҷониби Убайдулло Қурбон ва шогирдонаш сурат гирифта буд.

Дар маҷмӯъ, ба сифати як нафар  тоҷик аз дастовардҳои мазкур ифтихорманд буда, хоҳони пешрафту шукуфоии беш аз пеши Тоҷикистони азиз ҳастам,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Аминулло Ҳамкор.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»