Тоҷикистон – Туркия: Муносибатҳои байнипарлумонӣ таҳким меёбанд

№44 (3994) 20.04.2019

19 — 12 апрели соли ҷорӣ Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Маҷлиси миллии бузурги Ҷумҳурии Туркия таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов дар Ҷумҳурии Туркия қарор дошт. Баъди бозгашт Баҳром Абдуалимов натиҷаи онро ба тариқи зайл шарҳ дод:

- Дар ҷараёни сафар бо намояндагон ва роҳбарияти Маҷлиси миллии бузурги Ҷумҳурии Туркия мулоқотҳо баргузор шуданд. Рӯзи аввал бо раиси Комиссияи саноат, тиҷорат, энергетика, захираҳои табиӣ, илм ва технологияи Маҷлиси миллии бузурги Туркия Мустафа Элиташ оид ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Рӯзи дуюм бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркияву Тоҷикис­тон Аҳмет Узер ва аъзои он вохӯрӣ намудем, ки зимни он роҷеъ ба масъалаҳои такмили робитаҳои дӯстӣ ва омӯзиши қонунгузории ҳар ду кишвар ибрози назар карда шуд. Ва баргузории чунин вохӯриҳоро барои рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун муфид арзёбӣ гардид.

Сипас, моро Раиси Маҷлиси миллии бузурги Туркия ҷаноби Мустафа Шентон ба ҳузур пазируфт. Вай ба таври муфассал дар бораи тартиб ва кори мақоми олии қонунгузори Туркия маълумот дода, роҷеъ ба таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ, тақвияти муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба, андешидани тадбирҳо бар зидди зуҳуроти номатлуби аср — терроризму экстремизм ибрози назар кард.

Тибқи расмиёт сафар бо гузоштани гулчанбар аз номи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии бузурги Ҷумҳурии Туркия ба оромгоҳи Пешвои миллати Туркия Мустафа Камол Отатурк ва шиносоӣ бо осорхонаи ӯ анҷом ёфт.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»