Дар Шри-Ланка пӯшидани фаранҷиро манъ мекунанд

№35 (4297) 18.03.2021

Бино ба маълумоти хабаргузории «Sputnik», санади дахлдорро вобаста ба ин масъала, ки рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд, вазири амнияти ҷамъиятӣ Сарат Вирасекара имзо кардааст. Ҳукуматдорони Шри-Ланка ният доранд, ки пӯшидани фаранҷӣ (либоси болоии занона, ки рӯйро пурра мепӯшонад) манъ карда, фаъолияти беш аз ҳазор мактаби исломиро банданд.

Сарат Вирасекара гуфтааст, ин тасмимгирӣ бо он сабаб аст, ки мактабҳои исломӣ сиёсати миллиро дар соҳаи маориф риоя намекунанд.

Қобили зикр аст, ки пӯшидани фаранҷӣ дар Шри-Ланка моҳи апрели соли 2019 муваққатан манъ шуд, зеро он замон аз дасти исломгароён дар натиҷаи нуҳ таркиш дар се калисои католикӣ ва чаҳор меҳмонхона беш аз 250 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 500 нафар маҷруҳ гардиданд.